Ҷасад дар Лексус

Вазорати корҳои  дохилии Тоҷикистон дар қатли зани соҳибкор, ки ҷасадаш 2-юми март аз “Лексус-PX-350” дарёфт шуд, як донишҷӯйро гунаҳгор  мекунад. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ 2 март тахминан соати 13:00 дар назди оромгоҳи деҳаи Дурманбулоқи ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Варзоб аз дохили автомашинаи тамғаи “Лексус-PX-350” зани соҳибкори 52-сола, сокини шаҳри Душанбе бо захмҳои халандаю буранда дар қисмати рӯй, гардан ва бадан дарёфт карда шуд: “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар дастгир гардид”.

     

Исми мақтул  Гулнора гуфта мешавад,ки  тиллофурӯш аз ноҳияи Ҳисор будааст. Ӯ  аз назди манзили зисташ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе рабуда шудааст.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *