Ҷасади духтари 5 солаи таҷовузшударо ба волидонаш бармегардонанд

Ҷасади Ваида Тиллозода, духтари панҷсолаи тоҷикро, ки дар Маскав таҷовуз ва кушта шуд, фардо ба Тоҷикистон мебаранд.

Абдусалом Саидов, падари Ваида рӯзи 24-уми июл гуфт, имрӯз ҷасади духтари нокомаш ташхиси тиббӣ шуд ва қарор аст, ба онҳо супурда шавад. Ӯ, и зимни сӯҳбат беист гиря мекард, гуфт: «Имрӯз ҷасадашро медиҳанд, мумкин, рост ба Кӯлоб, ё Душанбе барем.»

Абдусалом Саидов афзуд, ҳодиса дар 5-10 дақиқа рух дод. “Ҳамроҳ бо ҳамсарам дар назди хона будем. Вориди мағоза шудам ва ҳамсарам кӯдаки хурдиро бинам гуфта, аз он ҷо каме дуртар меравад. Дар байни 5-10 дақиқа кӯдакро дуздиданд. Соатҳои панҷи бегоҳ буд, ки дуздиданд. Соати 4 саҳар пайдо кардем. Ҷасадаш дар дохили сумка буд. Соати даҳ ваъда карданд, ки ҷасадро медиҳанд.”

Падари кӯдак гуфт, аз ин ҳодиса ваҳшатзада аст ва чӣ кор карданашро намедонад. “Кӯдаки панҷсол чӣ гуноҳ дошт, ки ба ӯ чунин карданд? Ҳоло тафтиш мекунанд, намедонам чӣ мешавад. Мо ин ҷо ҳеҷ қадр надорем. Агар имконият бошад, сафорат ба мо кӯмак кунад, ки ҷасадро ба Тоҷикистон барем”-гуфт ӯ.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 23-уми июл гуфт, ки «Кормандони консулгарӣ ва намояндагӣ аз дирӯз бо пайвандони кӯдак дар тамосанд ва имрӯз ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Ҳамаи кӯмакҳои лозимӣ расонида мешавад, аз ҷумла ҳуҷҷатнигорӣ».

Абдусалом Саидов афзуд, таҳқиқи парвандаи қатли Ваида идома дорад ва муфаттишон дар ин бора чанд дафъа бо онҳо сӯҳбат кардаанд. Ваида Тиллозода рӯзи 22-уми июл дар назди хонаашон дар шаҳри Серпухово ғайб зад ва ҷасади ӯро субҳи рӯзи 23-уми июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии ҳамон маҳал пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷасади кӯдаки 5-сола осори таҷовузи ҷинсӣ мушоҳида мешавад.

Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 23-уми июл гуфт, ки дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик Александр Сёмин, як ҷавони 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекард.

Абдусалом Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, бо ҳамсару чаҳор фарзандаш дар Русия кору иқомат мекунад. Ӯ  гуфт, ки баъди ин ҳодиса “дигар намедонад, чӣ кор кунад” ва ҳоло дар интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ба кӯмак эҳтиёҷ дорад.

Дӯстони хонавода барои кӯмак дар интиқоли ҷасад, пул ҷамъ мекунанд ва ин ҳисоби бонкӣ барои ирсоли маблағ ба хонаводаи мӯҳтоҷ пешбинӣ шудааст. 

Бознашр аз Радиои “Озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *