Ҷасади Холмуродов ёфт шуд
Ҷасади Саъдӣ Холмуродов, полковники бознишастаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва дар гузашта яке аз муовинони генерал Сӯҳроб Қосимов, баъд аз 25 рӯз, аз дарёи Вахш пайдо шудааст.
Дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара рӯзи 7-уми январ гуфтаанд, ки ҷасад рӯзи гузашта поёнтар аз маҳалле, ки гуфта мешуд Саъдӣ Холмуродов онҷо ғарқ шудааст, пайдо шуд. Ба гуфтаи манбаъ, дар пай аз сӯи мақомоти дахлдори Данғара тахшиси ҷасад анҷом дода шуд ва қарор аст маросими ҷаноза имрӯз, 7-уми январ дар зодгоҳаш баргузор шавад. Наздикони Саъдӣ Холмуродов гуфтаанд, ки шоми дирӯз онҳо аз ёфт шудани ҷасад огоҳ шуда ва онро барои хоксупорӣ ба Сангтӯда бурдаанд. Мақомот то ба ҳол дар бораи натиҷаҳои ташхис изҳор назар накардаанд. Дар гузашта мақомоти Кумитаи ҳолатҳоии фавқулоддаи Тоҷикистон гуфтанд, ки «Саъдӣ Командир» дар наздикии нерӯгоҳи Бойгозӣ ғарқ шудааст.Сулҳия Холмуродова, ҳамсари Саъдӣ Холмуродов дар гузашта гуфта буд, ки шавҳараш дар наздикии нерӯгоҳи Бойғозӣ як замин дошт ва дар нерӯгоҳ низ кор мекард. Ба иддаои ӯ, дар оғози амалиёти ҷустуҷӯи ҷасад, маъмурони милиса аз маҳалли эҳтимолии ғарқ шудани шавҳараш сангҳои хунолуд ёфтаанд ва ин шубҳаи онҳоро дар мавриди худ ба худ ба дарё афтодани ӯ бештар кардааст.»То ҳол ташхис накардаанд, ки хуни рехта ба хуни Саъдӣ мутобиқат мекунад, ё не. Дар ҷое, ки сангҳои хунолуд истодаанд, аробаи боркашониро ёфтаанд. Вай бо ин ароба дар замин кор мекард», — гуфта буд он замон ҳамсари Саъдӣ Холмуродов.Саъдӣ Холмуродови 56-сола қаблан дар қисми низомии “35-02”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва солҳои охир бознишаста буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ