Ҷасади корманди амният дар меҳмонхона пайдо шуд
Ҷасади як корманди мақомоти амниятии Қазоқистон дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Остона пайдо шуд. Дар ин бора маркази матбуотии вазорати корҳои дохилии Қазоқистон 16 октябр хабар дод.
Ба иттилои маркази матбуотӣ, ҷасади ин мард «бе нишонаҳои марги маҷбурӣ» пайдо шудааст. «Иттилои дигар расонаӣ карда намешавад», — омадааст дар хабари ВКД.
Бархе аз расонаҳо менависанд, ҷасади мард бо коғазширеш (скотч) печонида шуда буд.
Мақомоти амниятии Қазоқистон дар бораи ин ҳодиса ҳанӯз хабаре нашр накардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ