Ҷасади корманди бахши танзимро баъди се рӯз пайдо карданд
Ҷасади ба дор овехтаи масъули бахши танзими ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро баъди се рӯзи ғайб заданаш нисфирӯзии 10 июл аз як дарахт дар сари қабри бародараш пайдо карда, соати панҷи ҳамонрӯз ба хок супурданд. Шоҳидон мегӯянд, ҷасади Амини Маҳмад дар се рӯз бар асари гармо сахт вайрон шуда буд. Ба гуфтаи шоҳидон, Амин чанд вақт пеш барои халосӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ пули калон дода, қарздор шуда буд.
Раиси бахши дин ва танзими ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Амини Маҳмад рӯзи 7 июл ба таври мармуз ғайб зад. Танҳо баъди се рӯз ҷасади ӯро аз қабристони деҳаи Баҳористон пайдо карданд. Ин мансабдори маҳаллӣ худро дар сари қабри бародараш дар як дарахт ба дор овехтааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҷасади масъули бахши танзими ҷамоати Чоргултеппаро рӯзи 10 июл, соати тахминан 13 пайдо карда ва алакай асри ҳамон рӯз дар оромгоҳи деҳаи Баҳористон, ки марҳум дар ҳамин деҳа зиндагӣ мекард, ба хок супурданд.
Ба иттилои манбаъ: «Азбаски ин шабу рӯз гармои тоқатфарсое дар Тоҷикистон ҳукмфармост, ҷасади Амин дар байни ҳамагӣ се рӯз хеле вайрон шуда буд ва то рӯзи дигар имкони нигоҳ доштанаш вуҷуд надошт. Барои ҳамин маслиҳат шуд, ки ӯро зуд ба хок супоранд. Мақомот ҳам вақте ҷасадро диданд, ба хулосае омаданд, ки худкушӣ кардааст.”
Амини Маҳмад 53 сол дошт. Сабабҳои худкушии ин мансабдор маълум нест, вале сокинони Баҳористон мегӯянд, ки вақтҳои охир ӯ хеле дар фикру хаёл ғарқ шуда, ғуссаманд буд.
Бино ба иттилои расман тасдиқношуда, чанд моҳ пеш Амини Маҳмад барои кадом қонуншикание дар мақоми роҳбари бахши танзим таҳти тафтиш қарор гирифта, барои халос кардани худ аз ҷавобгарии ҷиноӣ пули калон дода буд. Ин пулро, ба гуфтаи як манбаъ, Амини Маҳмад қарз гирифта буд ва вақтҳои охир соҳибони пул чанд бор дари хонаи ӯ омада, баргардондани пулашонро талаб карда будаанд.
Шуъбаҳои дину танзим дар ҷамоатҳо ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо асосан фаъолияти масҷидҳо ва риояи қонуни танзими расму оинҳоро назорат мекунанд. Додани иҷозатнома барои баргузории маъракаҳои тӯю азои мардум низ дар ихтиёри ҳамин шуъбаҳои дин ва танзим аст ва мардум зиёд шикоят мекунанд, ки гирифтани чунин иҷозатнома бидуни пардохти «ҳаққ”-и масъули бахши танзим ба як амри тақрибан номумкин табдил ёфтааст. «Ҳаққ”-и кормандони танзим дар ҷамоатҳо аз 800 сомонӣ сар шуда, дар бархе ҷойҳо ҳатто то ба 2000 сомонӣ мерасад. Аз ин маблағ миқдореро барои обуна ба нашрияҳои давлатӣ, қисмеро барои «ободонии ноҳия” ва бақияро ҳамчун «ҳаққи одамони боло” талаб карда мегиранд.
Мирзо Салимпур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ