Ҷасади Мансури семоҳаро аз Қумоқ дарёфт карданд
Ҷасади писарчаи 3- моҳаи Хуршеда-Мансурро пас аз ҷустуҷӯҳои дурӯза дар мавзеъи қумоқ пайдо карданд. Вале ҷасади духтарчааш Миноро то ба ҳанӯз пайдо нашудааст.
Бино ба гуфти шахсони огоҳ аз қазия Хуршеда пеш аз оне, ки худро ба дарё партояд ба шавҳараш Ҳасан тариқи Имо сӯҳбат карда гуфтааст, ки худро бо фарзандонаш ба об мепартояд. Ҳангоми сӯҳбат падар бо садои гиряолуд зора кардани духтарчаашро, ки : Очаҷон мана об ба напарто » мегуфт шунида, зуд ба модараш занг мезанад то онҳоро аз лаби дарёи Зарафшон гирад, аммо модари Ҳасан он вақт дар Марғедар набудааст. Вақте наздикон аз ин қазия хабар ёфта, ба ҷустуҷӯӣ Хуршедаву тифлаконаш мебароянд аллакай дер шуда буд.
Айни замон нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Панҷакент парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ