Ҷасади ношинос дар канори рӯдхонаи «Душанбе»

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ дар лаби рӯдхонаи “Душанбе” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҷасади як ҷавони ношинос пайдо шудааст. Ин ҷасад нисфирӯзии 27-уми декабр пайдо шуда, ҳанӯз шахсияташ маълум нест.

Як манбаъ аз Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷавон тахминан 24-27 сола ба назар мерасад“. Ҳоло сабаби марги ҷавон тафтиш мешавад. Барои дақиқ кардани сабаби марг вақт даркор аст”,-гуфт ӯ.

Фарзияи худкӯшӣ низ дар миён аст, вале сабаби аслиро ташхиси ҷасад маълум мекунад. Пайдо шудани ин ҷасад дар ҳолест, ки бар асоси ҳисобҳои расмӣ тақрибан ҳар рӯз дар Тоҷикистон як нафар қасди худкушӣ мекунад. Соли 2016 дар Тоҷикистон 603 нафар қасд ба ҷони худ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *