Ҷасади Раҷабмоҳ ва се фаразандаш ба Тоҷикистон оварда шуд

Тобути Раҷабмоҳ Исоева, сокини 24-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон, бо се кӯдакаш — Аҳмаду Фотима ва Муҳаммад — шаби 6-уми январ аз Екатеринбурги Русия ба Душанбе оварда шуд.

Онҳо рӯзи 31-уми декабри соли 2018 дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз бинои истиқоматӣ дар шаҳри Магнитогорск ҳалок шуданд. Маросими дафни модару кӯдаконаш рӯзи ҳафтуми январ дар ноҳияи Кушониён баргузор хоҳад шуд.Падари хонавода Шӯҳрат Улфатов дар ҳодисаи Магнитогорск шадидан маҷруҳ шуда, дар бемористони вилоятии Челябинск аст ва ба қавли наздикон аз фавти зану кӯдаконаш хабар надорад.Маросими видоъ бо Раҷабмоҳ Исова ва фарзандонаш рӯзи 5-уми январ дар шаҳри Магнитогорск баргузор шуд ва дар он даҳҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷик ва хешовандони оилаи Улфатовҳо ширкат доштанд. Баъдан тобути онҳо аз Магнитогорск ба Екатеринбург ва аз онҷо ба Душанбе интиқол ёфт.Маросими видоъ дар наздикии масҷид сурат гирифт ва бо вуҷуди барфу ҳавои сард даҳҳо нафар барои видоъ гуфтан бо Раҷаббӣ Исоева се тифли хурдсоли ӯ ба маросим омаданд ва барои онҳо ибодат карданд.Дар деҳаи Малик Гиёев, дар ноҳияи Кушониён, ба маросими дафни Раҷабмоҳ Исоева ва се фарзанди ӯ омодагӣ гирифтаанд. Мардуми деҳа рӯзи 6-уми январ гӯри модар ва се тифлашро канда омода карданд ва қарор аст, маросими ҷаноза рӯзи 7 январ соати 10-и субҳ баргузор шавад. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд ҳодиса бар асари таркиши гази табиӣ рух додааст. Дар натиҷа 39 хона пурра ва даҳ манзил қисман хароб шудааст ва 39 нафар ҳам ба ҳалокат расидаанд.Ҷасади Раҷабмоҳ Исоеваи 24-сола ва се кӯдакашро баъди се рӯзи ҳодиса пайдо карданд.Мақомоти Русия мегӯянд, биноеро, ки дар натиҷаи фурӯ рафтани қисме аз он 39 нафар ба ҳалокат расиданд, комилан вайрон мекунанд. Намояндагони ҳукумати шаҳри Магнитогорск рӯзи 6-уми январ гуфтанд, ки 9 бинои дигар барои зиндагӣ муносиб аст ва дар ҷояшон мемонанд.Рӯзи 31-уми декабр дар натиҷаи таркиши газ даромадгоҳи 7-уми бинои 10 табақа дар маркази шаҳр вайрон шуд ва қисме аз вурудгоҳи 8-ум низ осеб дид. Ҳарду ин бино комилан хароб мешаванд. Лифтҳои биноҳои ҳамсояро ба зудӣ ба кор меандозанд.Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо судури як дастур барои осебдидагони ҳодиса 65 миллион рубл ва ё 967 ҳазор доллар ихтисос дод.Мақомоти вилояти Челябинск барои онҳо 93 миллион рубл ҷудо кардааст. Барои онҳое, ки дар ин фалокат сахт осеб дидаанд, 400 ҳазор рубл пардохт мекунанд. Хароҷоти дафни қурбониёнро ҳам давлат мепардохтааст.Дар Русия, ки тақрибан 1 миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон кору иқомат мекунанд, дар садамаву фалокатҳои бузург, муҳоҷирони тоҷик ҳам ё осеб мебинанд ва ё ба ҳалокат мерасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *