Ҷасади Устод Бозорро ба Душанбе меоранд

Ҳамсари шоир аз шаҳри Сиэттли Амрико гуфт, аъзои хонавода ба хулосае омадаанд, ки  ҷасади Бозор Собир дар Тоҷикистон ба хок супурда шавад.

Шоири шинохта 1 май,  дар синни 79-солагӣ дар як бемористони шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт. 2 май ҳамсари шоир Гулчеҳра Собир, ки то охир дар сари бистари бемории шавҳараш буд, гуфтааст, ки  аъзои хонаводаи шоир барои интиқолу хоксупории ҷасад дар Тоҷикистон розӣ аст, танҳо маълум нест, ки рӯзи интиқоли ҷасад тавассути ҳавопаймо кай анҷом мешавад. Барои расидан аз Сиэттл ба Душанбе ду парвози ҳавопаймо ва зиёда  аз 21 соат вақт  лозим мешавад.Ӯ гуфтааст:»Фардо маълум мешавад, ки кай мебарем. Аммо масъалаи Тоҷикистон бурдан дигар ҳалшуда аст”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *