Ҷасади як ҷавонзани тоҷик дар Маскав ёфт шуд

Дар кӯчаи Краснодарскаяи шаҳри Маскав ҷасади як ҷавонзани 23-сола пайдо шудааст. РИА Новости мегӯяд, ин ҷавонзан шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ меафзояд, аз осори теғ дар ҷасад маълум мешавад, ки ӯро куштаанд. Ба иттилои Кумитаи тафтишотии Русия қайд карда шудааст, ки дар ҷасад осори зарби корд дида шуда, робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Шӯъбаи тафтишоти шаҳри Сургут хабар дод, субҳи 9 сентябр аз чуқурие дар кӯчаи Западная ҷасади як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ёфт шуд. Ба иттилои расонаҳо, ин мард бо зарбаи сахт ба сараш кушта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *