Асал — давои дарди сар
Сарам қариб ки ҳамеша дард мекунад. Чанд маротиба рентген ва ҳатто томографияи компютерӣ кардам, аммо ягон иллати сарамро нишон надод.
Бемории саратон надорам, фишори хунам муътадил аст, пас чаро сари ман дард мекунад?
Мавзуна, ш. Турсунзода
Посух
Дарди сар сабабҳои зиёде дорад. Он метавонад натиҷаи асабоният, зарбхӯрӣ ё чалақидани майнаи сар (сатресение мозга) бошад. Одатан духтурҳо тез-тез оббозӣ карда, бо сари тар ба кӯча мебароянд, ки ин боиси шамолхӯрӣ ва дарди сар мегардад. Ман ба шумо чанд давои одиро тавсия медиҳам, ки ҳама намудҳои дарди сарро бартараф карда метавонанд.
Нусхаи аввал
Бобуна (ромашка), тухми шибит, бодранҷбӯя ва пудинаи боғӣ аз гиёҳҳои номбурда як қошуқӣ ба термос андохта, аз болояш 800 грамм оби ҷӯшидагӣ резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед ақаллан як соат истад. Аз ин гиёҳоб дар давоми рӯз чанд маротиба як пиёлагӣ нӯшед, аз дарди сар ному нишоне намемонад.
Нусхаи дигар
Дарди сар асари чалақидани майнаи сар дар натиҷаи зарбхӯрӣ ба вуҷуд омада бошад, давои он гарди гул-перга аст. Миқдори истеъмоли перга барои калонсолон 1 қошуқӣ рӯзе се маротиба ва барои кӯдакон рӯзе 3 бор ним қошуқӣ мебошад.
Нусхаи сеюм
Вақте бо мақсади оббозӣ кардан ба ҳамом медароед, ба саратон асал молида, то арақ кардани саратон дар ҳамоми гарм нишаста, бо ду даст оҳиста-оҳиста саратонро маҳс кунед, баъдан бо оби гарм саратонро нағзакак шуста, рӯймоли пашмӣ бандед, то шамол нахӯред. Ду-се бор ин амалро такрор карда, гарм печида хоб равед, агар дарди саратон аз хунукӣ бошад, сокит мешавад. Саломат бошед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ