Ҳасани Чилла: Ман занкалон не, катазан ҳастам
Бознашр аз «Оила»
Ҳасани Чилла-ин ном ба кулли хонандагони “Оила” ошност, зеро ин ҳунарманди машҳур бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Бо дархости хонандагони сершуморамон мо асрори зиндагии ин марди шӯху шуҳратёрро пурсон шудем.
-Акои Ҳасан, янгаро ба қавли мардум хуш карда гирифтед ё падару модаратон таги чашм карданд?
-Аввал хуб нозу бозор карда ба тамоми арӯсҳои таги чашм кардаи падару модарам айб мондам, вале баъд қаҳри падарам омаду дар наздам шарт гузошта гуфт: “Ба ту як рӯз муҳлат, то бегоҳ арӯс меёбӣ, агар натавонистӣ, қасам ба ришам, ки мурӣ ҳам занро намебинӣ!” Суханони падарамро ҷиддӣ қабул карда, ҳамон рӯз то бегоҳ бом ба боми мардуми деҳа гашта духтар поидам.
—Хайр, ягон арӯс ёфтед ё не?
-10 духтарро таги чашм кардам, вале якеаш бинияш дароз, дигараш қадаш паст, саввуми сиёҳак, чорумаш гӯшлаққа, панҷумаш мардсифат, шашумаш чӯпон, ҳафтумаш ҷангара, ҳаштумаш чӯлок, нӯҳумаш сергап…..
-10-умаш чӣ?
-Анаму даҳумаш янгаатон шуд! Ба падарам нишонияшонро додам. Пиру кампир хурсанд шуда, шом ба хонаашон хостгорӣ рафтанд ва бо димоғи чок баргаштанд. Ҳамин тавр дар байни шаш моҳ тӯй кардем. Тӯйи мо дар зимистони қаҳратун дар чиллаи сармо, 27-уми феврал барпо шуд. Қурбони Собир ба беморияш нигоҳ накарда ба тӯй ташриф оварда буданд. Рости гап ба мардум шароби бисёр додем. Ҳар гоҳ, ки устод “Ҳасан ҳаҷвнигори ба ҳилла ва дилсофу бонанг аст” мегуфтанд, дар байни гапашон як марди маст уқосзанон қай карда, рекламаи бе пул мекард. Меҳмонҳо аз ханда қариб рӯдакан шуданд.
-Бо янга чанд сол боз дар як болин сар мемонед?
-Зиндагиамонро 13 сол шуд. Ҳосили пайванди мо ду духтарчаи зебоямон Меҳронаю Фасона ва писарам Ризвониддин аст.
-Фарзандонатон пайрави падар шудан хоҳанд, зид намебароед?
-Ҷонашона гардам, ягонтааш касби маро дӯст намедоранд. Дигар касбҳоро интихоб кардаанд. Ҳаргиз ҳаҷвнигор намешавем мегӯянд. Дидед, чӣ хел нағз-а!
—Янгаву фарзандонатон ҳамроҳи шумо дар шаҳр зиндагӣ мекунанд ё дар деҳа?
—Мӯйсафеди падарам намехостанд, ки фарзандонашон як зарра аз пеши чашмонаш дур зиндагӣ кунад. Ман, ки бисёр зираки балоча будам, маро баробари ҷонаш дӯст медоштанд. Фикр кардам, ки ягон ҳиларо ба кор бурда, ба шаҳр гурехтан даркор аст, чунки аксари тую маъракаҳоям дар шаҳр мегузаштанд. Назди падарам рафта гуфтам, ки як дӯстам тӯй дораду тамоми ёру дӯстонашро бо зану фарзандонашон ба маҳфил даъват кардааст, чӣ мешавад, ки ҳамроҳи кӯдакою занам равем? Он кас дуои сафед дода, моро ба шаҳр гуселониданд. Ният кардем, ки дар хонаи ягон дӯстам меистаму субҳ аз паси иҷоракобӣ мешавам. Хулоса, ба шаҳр расидем, вале он дӯстам аз чашмаки дар маро бо зану кӯдаконам дида, дари хонаашро ба рӯямон накушод. Расо се соат дарро кӯфта бошем ҳам, он ба рӯямон боз нашуд. Маҷбур шудем, ки дар ҳамон нисфи шаб ба хонаи як дӯсти дигарам равем. Хайрият, ки раҳмаш омада моро ба хонааш роҳ дод. Субҳ ман хонаи иҷора ёфта, зану фарзандамро ҷой намудам ва дертар бо дастгирии Садриддин ва дигар ёру дӯстонам дар маркази шаҳр соҳиби хона шудам.
—Шумо ҳаҷвнигоред ва хоҳ-нохоҳ мухлисдухтарон занг мезананд. Янга рашк намекунад?
—Рашк мекунад, вале камтар. Вай маро хуб мешиносад ва боварӣ дорад, ки арӯсбоз нестам.
-Кадом хислатҳои янга ба шумо бештар писанданд?
-Хоксорӣ, ҳунармандӣ ва пазандагиашро меписандам. Ҳамсарам зани зиндагиқап ва меҳмондӯст аст. Барои он ки беҳуда рашк накунад, ӯро ҳамроҳам ба театри “Аҳорун” овардам. Чанд сол боз мудири қисми либос шуда кор мекунад.
—Дӯстонатон мегӯянд, ки Ҳасан занкалон аст?
-Бародар, шумо нодуруст нафаҳмед, ман занкалон не, ман катазан ҳастам.
-Дар охир ягон ҳаҷвия нақл мекунед?
-Дар як маҳфил даъватӣ будем. Сароянда аз набудани одамон шарм карда, аз ман хоҳиш намуд, ки ду-се бор бо овози баланд ЯК -ЯК-ЯК гӯям. Модарам, ки дар байни меҳмонҳо нишаста буданд, озурдахотирона гуфтаанд: Бечора писарам як соат шуд, ки Як- Як- Як мегӯянд, ҳеҷ нест, ки якаш ду шаваду мардуми деҳа ба тамошои тӯй бароянд… (Механдад)
-Ҳамеша чунин хандон ва хушбахт бимонед!
Р. Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ