Ғасби тайёра

чемпиони бокс аз он пешгирӣ намуд

РИА Новости (26 август) хабар расонд, ки   чемпиони дукаратаи  Фаронса оид ба бокс Тариқ Соҳибиддин мусофири авбошеро, ки кӯшиши ғасби тайёраро дар хатсайри Мюнхен – Париж кард, безарар гардонд.

Аз ин хусус рӯзноманигор  Арно Ромеро дар саҳифаи Facebook-аш хабар додааст. Як мусофири тайёра нохост ҷанҷолу хархаша карда, кӯшиши ба кабинаи ҳавопаймоён даромадан кард, то хатсайри тайёраро тағйир бидиҳанд. Аммо Соҳибиддини 46-сола садди роҳи авбош шуда, ӯро ба фарш хобонд ва дастонашро баст. Тайёра бемамониат ба парвозаш идома дод.

Соҳибиддин зодаи кишвари Марокаш дар ринги касбӣ аз соли 2001 то 2013 рақобат карда, 23 набард гузарондааст (12 ғалаба ва 11 бохт).

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *