Қасди худкушии духтари 18-сола

Як духтари 18-сола, ки аз ӯ М.Н. ном бурда мешавад, худро ба дарёи Душанбе андохта, аз ҷониби аҳолӣ наҷот дода шудааст. Мақомот мегӯянд, ӯ ба эҳтимоли зиёд мехост худкушӣ кунад.

Ҳодисаи қасд ба ҷони худ кардани М.Н дар нимарӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе рух дод ва хабараш як рӯз баъд расонаӣ шуд. Як манбаъ дар Идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ гуфт, ин духтар замоне худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт, ки кормандони идораҳои атроф барои ғизои нисфирӯзӣ мерафтанд. Ба қавли манбаъ, М.Н. дар ин вақт худро аз болои пули воқеъ дар наздикии Корхонаи нассоҷии пойтахт ба дарёи Душанбе партофтааст.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ гуфтанд, сабабҳои қасди худкушӣ кардани М.Н. барои онҳо феълан рӯшан нест ва таҳқиқи қазияи ӯ идома дорад.

Омори шахсоне, ки дар соли 2017 дар пайи худкушӣ ҷони худро аз даст додаанд то ҳол аз ҷониби мақомоти тоҷик расман пахш нашудааст. Аммо дар соли 2016 дар Тоҷикистон 327 ҳодисаи худкушӣ ва ё талоши худкушӣ сабт шудааст, ки мавридҳои зиёди он ба занону духтарон рабт мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *