Асфалти гарм. Раиси ноҳия дар оғози таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд иштирок кард

Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, роҳбари ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия Зайлобиддин Махсудҷонов ва дигар шахсони масъул дар оғози таъмири роҳи Ашт-Хуҷанд бо асфати гарм иштирок намудаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ашт, Шуҳрат Муҳаммадзода қабл аз оғози таъмири роҳ бо кормандони идораи роҳсозии ноҳия мулоқоти сарироҳӣ намудаааст.

“Мардуми шарафманди ноҳия, аз ҷумла сокинони саховатпеша барои обод намудани диёри хеш зери сиёсати одилонаву оқилонаи Пешвои миллат дар ҳама маврид саъйу ҷаҳд менамоянд. Шукрона мекунем, ки дар ватани ором, ободу озод зиндагӣ дорем. Имрӯз бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаву меҳанпараст таъмири ҷории роҳи Ашт-Хуҷанд гузаронида мешавад. Аз ин лиҳоз, хоҳиш мекунам, ки кормандони идораи роҳ ба сифати таъмир аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Ин ҳама ободиҳо меваи тинҷӣ аст ва мо бояд ин неъмати бебаҳоро қадр намоем»,- гуфтааст раиси ноҳия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *