Ашӯрзода ва Ҳалимзода. Ду чеҳраи нав дар фазои сиёсии Тоҷикистон
Ҳафтаи равон дар низоми сиёсии кишвар тағйироти назаррас ба амал омад. Раиси ду ҳизби сиёсии кишвар, ки дар парлумон намоянда доранд, иваз шуданд.
Барои муваффақият дар интихобот
Зимни ҷаласаи ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки 20-уми июл дар бинои Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия баргузор шуд, Рустам Қудратов канор рафт ва Ғиёсиддин Ашӯрзода раиси нави ин ҳизб интихоб шуд.
Рустам Қудратов бо хоҳиши худ аз вазифаи раисии ҳизб канор рафт. Ӯ вақти эълони тасмими аз вазифа рафтан ва муаррифии раиси нави ҳизб гуфт: “Мо аз ҳизб рафтанӣ нестем, дар паҳлуяшон меистем ва ба мақсадҳои ниҳоии худ мерасем”. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки барои муваффақияти бештар дар интихоботи парлумонии соли 2025 аз вазифа меравад.
Рустам Қудратови 63-сола аз соли 2019 роҳбарии ҲИИТ-ро ба зимма дошт. Ӯ дар ин вазифа муассиси ҳизб Олим Бобоевро иваз карда буд.
Раиси ҲИИТ дар ҳоле иваз шуд, ки қаблан Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода вакили парлумон аз ин ҳизб гуфт, ки дар барномаи анҷумани ғайринавбатӣ иваз шудани раиси ҳизб нест.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи ғайринавбатии ҲИИТ Машраб Файзуллоев, ректори кунунии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бори дигар муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Якҷо бо ӯ, Рустам Қудратов, Сарвиноз Наҷмиддинова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд.
Мавриди ёдоварист, ки ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта, 33 ҳазор аъзо дорад. Айни замон 5 узви ҲИИТ вакили парлумон ҳастанд. ҲИИТ дар парлумон фраксия дорад.
Ашӯрзода кист?
Ғиёсиддин Ашӯрзода, раиси нави ҲИИТ 48 сол дошта, зодаи шаҳри Ҳисор аст. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд.
Барканории Ғаффоров пас аз 20 сол
Пас аз ҲИИТ дар Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ тағйирот сурат гирифт. Дар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҲСТ, ки рӯзи 23-юми июл дар Душанбе баргузор шуд, Абдуҳалим Ғаффоров пас аз 20 сол аз раисии ҳизб канор рафт.
Маъруфҷон Юсуфов, муовини аввали раиси ҲСТ дар анҷуман далели барканории Абдуҳалим Ғаффоровро чунин шарҳ дод: «Синну соли устод аз 73 гузашт ва солҳои ахир камтар саломатиашон азият дода истодааст. Аз ин лиҳоз, аз раёсати Кумитаи марказии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон хоҳиш намуданд, ки бо ҳамин назардошт, ӯро озод намуда, ба ҷои ӯ ягон нафари ҷавонтар, бомасъулият, ростқавлу ватандӯстро интихоб намоем».
Пас аз ин вакилон дар анҷуман 3 номзад ба раисии ин ҳизб пешниҳод карданд. Аммо 2 нафар аз рақобат даст кашиданд ва Ғулом Ҳалимзода раиси ҳизб интихоб шуд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон соли 1996 аз ҷониби сиёсатмадори дар солҳои 90-ум таъсиргузор, раиси собиқи Шӯрои Олӣ Сафаралӣ Кенҷаев таъсис ёфтааст. Пас аз марги ӯ дар соли 1999 ин ҳизб ба ду шоха тақсим шуд, ки якеро Мирҳусайн Назриев ва дигареро Абдуҳалим Ғаффоров сарварӣ намуданд. Соли 2004 Вазорати адлия ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохт.
Абдуҳалим Ғаффоров 2 навбат номзад дар интихоботи президенти Тоҷикистон буд. Ӯ ду навбати охир вакили Парлумони кишвар мебошад.
Ҳалимзода: Омода нестам!
Ғулом Ҳалимзода дар сиёсат чеҳраи ноошно аст. Ӯ то ин замон вазифаи раҳбари ҳизб дар шаҳри Бӯстон ва вазифаи муовини раиси ин ҳизб дар вилояти Суғдро ба дӯш доштааст. Аз рӯйи ихтисос иқтисодчӣ аст.
Ӯ пас аз интихоб шудан ба ҳимҳизбиёнаш ташаккур гуфт ва аз Абдуҳалим Ғаффоров хоҳиш кард, ки чун мушовири ҳизб фаъолиятро давом диҳад.
“Кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки ҳизбро пеш барам, муттаҳид шавем ва ба қуллаҳои баланд расем”,- гуфт Ғулом Ҳалимзода.
Раиси нави ҲСТ дар суҳбати кӯтоҳе ба “Озодӣ” гуфтааст, ки талош мекунад «кори ҳизбро аз худ кунад, аммо танҳо ҳадафи иҷтимоӣ» дорад. Ба савол дар бораи ин ки корро аз чӣ шуруъ карданӣ аст, гуфтааст: “Ҳаракат мекунем ба парлумон мутобиқ бошем, сонӣ моро интихоб мекунанд. Мо аввал бояд худро нишон диҳем”.
Ҳамчунин, ба пурсиши “Шумо барои маъракаҳои калонтари сиёсӣ, масалан интихоботи президентӣ омодагӣ мегиред?” Ҳалимзода чунин посух додааст: “Ман ҳанӯз ба ин чизҳо омода нестам, ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам. Ин кор барои ман нав аст, ҳадафамон набуд, ки интихоб мешавам, ё интихоб намешавам. Ман ҳам дар як ҳаяҷон ҳастам, росташ”.
Тайёрӣ ба соли 2025
Анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст. Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.
Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили парлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд. Пас аз як ҳафта маълум гардид, ки муовини ҳизб Аҳмадшоҳ Комилзода низ боздошт шудааст. Раиси нави ҳизб вобаста ба ин қазия ва фаъолияти ояндаи ҳизб мавқеашро рӯшан накардааст.
Ба ақидаи коршиносон, ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо баргузор кардани анҷуманҳои ғайринавбатӣ ба интихоботи парлумонии соли 2025 омодагӣ мебинанд.
Ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки аз он 6 ҳизби сиёсӣ дар парлумони кишвар намоянда доранд. Бори охир моҳи марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории
- Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) — 50,40%
- Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) — 16,50%
- Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) — 16,61%
- Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) — 5,15%
- Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — 3,11%
- Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) — 5,10%
- Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) 0,32%-и
интихобкунандагон раъй доданд.
Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд. Аз ҳавзаи якмандатии интихоботӣ бошад, ҲХДТ — 35 нафар, ҲАТ — 3 нафар, ҲКТ — 2 нафар ва ҲИИТ — 1 нафар дар парлумон намоянда доранд.
Вале ба гуфти коршиносон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон назаррас нест, зеро азҳоби сиёсӣ фақат дар арафаи интихобот аз худ дарак медиҳанду халос.
Одил НОЗИР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ