Ашита Миттал ба сафири Тоҷикистон чӣ гуфт?
Аз рӯи иттилои манбаъ Дирӯз зимни мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода Намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои Осиёи Марказӣ Ашита Миттал аз вазъияти баамаломада дар сарҳади Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, омодагии худро барои расонидани кумакҳои техникӣ ба сарҳадбонони тоҷик баён кардааст.
Дар ин бора «Ховар» бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аз раванди рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, мудирияти сарҳад ва такмили иқтидори миллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон низ изҳори назар намуданд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ