Ҷашни барқ дар Кӯктеппа   

 Дар арафаи бакордарории агрегати якуми НБО-и «Роғун» хурду калони деҳаи Кӯктеппаи ноҳияи Варзоб ба қавли худашон  «тӯйи барқ» доштанд. «Ба деҳаамон нури Эмомалӣ Раҳмон расид», — бо шукргузорӣ мегӯянд онҳо…

Дар Варзоб ҳаво офтобӣ буду дар деҳаи Кӯктеппа ҳафтаи гузашта   барф борида, замину замонаш сафедпӯш гардида.  Димоғи ҳаво кушода шуда, вале зарраҳои барф коҳилона ба сару гардан ва атроф менишаст. Дар майдончаи поёни мактаби деҳ, ки ягона роҳи мошингарди пурлой аз он мегузарад, ду корманди барқчӣ дар норбон сари трансформатори барқ ҷунбуҷӯл доштанд. Онҳоро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Варзоб ва Ширкати «Барқи тоҷик» дастур медоданд, ки то омадани раиси ноҳия трансфарматорро барои пайвастан бо хатти барқ омода кунанд. Лавҳаи зебо бо суханони пурмаънои «Роғун ҳастии миллати мо ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст», ки онҳоро ҳангоми эҳёи сохтмони неругоҳи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба забон оварда буд  ва акси таърихии Ҷаноби Олӣ дар паҳнои сохтмони НБО-и Роғун таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашид. Писаракони шӯх ва хунукинописанди деҳа ба майдонча омада, кунҷковона  кори барқчиёнро назора мекарданд.

Салом гуфтаму аз онҳо пурсидам:

— Бачаҳо, шумо барои чӣ ин ҷо омадед?

-Тӯйи свет дорем, — бо ифтихор посух дод писараки чор-панҷсола, ки дар байни рафиқонаш хурдсолтар буд.

-Светро ба деҳаатон кӣ овард?

 — Эмомалӣ Раҳмон! – ҳамовоз гуфтанд бачаҳо.

— То имрӯз свет надоштед? Аз чароғҳои карасинӣ истифода мекардед?

 -Не, аз батареяҳои офтобӣ ва генераторҳои барқӣ истифода  мекарданд, ки фақат барои равшанӣ кардани хонаҳо басанда буд,  — ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд раиси Ҷамоати деҳоти Зидеҳ МирзоТауров.

-Шукр ки ба деҳаамон нури Эмомалӣ Раҳмон меояд, — самимона бо хурсандӣ иброз кард мӯйсафеди нуроние.

— Пешвои миллат, Президенти муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чанд сол пеш ба деҳа 50 адад батареяҳои офтобӣ туҳфа карда буд, ки хонаҳоямонро нур мебахшиданд, — гуфт директори мактаби деҳа Саид Саъдуллоев. – Ин дафъа муроҷиатамонро пазируфта, ба Ширкати «Барқи тоҷик» супориш доданд, ки ба Кӯктеппа хатти барқ кашанд. Имрӯз деҳаамон бо барқи Раҳмонӣ пайваст хоҳад шуд.

Раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Маҳмадулло Умар қабл аз ифтитоҳи хатти барқ аҳолии деҳаро табрик намуда, барои саҳми боризи Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ин иқдоми созанда изҳори сипос намуд. Ӯ хотиррас шуд, ки барои сазовор пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар деҳа бунёди сартарошхона, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва чанд  иншооти дигари ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз сухангӯйҳои намояндаи ширкати «Барқи Тоҷик» ва муовини аввали раиси ноҳияи Варзоб Нозимзода Баҳриддин Раҳим  ҳозирин  воқиф гардиданд, ки хатти барқ аз маркази ноҳия то Кӯктеппа дар масофаи 3,7 км ба воситаи 68 симчӯби оҳанию бетонӣ ва 11,1 км ноқил кашида шуда, барои ин  726 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Аз ин неруи ҳаётбахш 23 хоҷагии деҳа, ки аҳолиаш 214 нафар аст,  минбаъд шабонарӯзӣ истифода мебаранд.

Э. НАЗАРОВ, «Тоҷикистон»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *