Ҷашни винои “Божоле-нуво” дар Сафорати Франсия дар Тоҷикистон
Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон шоми 16-уми ноябр винои наврасида (молодой вина) таҳти номи Божоле-нуворо таҷлил кард.
Дар ин шом меҳмонон аз корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, журналистон ҷамъ омада буданд.
Зимни ифтитоҳои чорабинии идона Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар иброз дошт, ки ҷашни винои наврасида (молодой вина) ҳамасола дар Франсия ҳафтаи сеюми панҷшанбе, ки имсол ба 16 ноябр рост омад, таҷлил карда мешавад.
Ин намуди вино аз ангури навъи “гаме” (ангури сиёҳ) дар шаҳри таърихии Божолеи Франсия тайёр карда мешавад. Он тамъи лазизу бӯйи хушоянд дорад. Дар Сафорати Франсия дар Тоҷикистон меҳмонон тавонистанд, ки винои “Божоле-нуво” –ро дар қадаҳҳо чашанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ