Ҷашну маросимҳо акнун дар Ӯзбекистон ҳам танзим мешаванд

Бино бар қарори Сенат ё қабати болоии порлумони Ӯзбекистон, аз ин ба баъд расму оин, маросими тӯй, ҷашнҳо, маросимҳои хонаводагӣ ва хайру худоиҳоро комисияи махсус танзим мекунад.

Вакилони Сенат 13 август қарор дар бораи таъсиси вакилони халқии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳриро қабул карданд, ки ин вакилон расму оинҳои мардумиро танзим хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, комисияҳои таъсисёфта дар якҷоягӣ бо сокинон маросимҳои намунавии хонаводагиро муаррифӣ мекунанд.

Пештар аз ин дар Сенат лоиҳаи қарор «Дар бораи танзими расму оин ва анъанаҳои мардумӣ» аз 5 то 25 марти соли ҷорӣ баҳсу баррасӣ шуд. Аммо ин лоиҳа, ки мебоист аз 30 март ба иҷро дарояд, аз сӯи президенти Ӯзбекистон танқид ва дар ниҳоят бекор карда шуд.

Бори аввал дар он кишвар дар соли 1998 фармон «Дар бораи танзими расму оин ва анъанаҳои мардумӣ» аз сӯи президенти вақти Ӯзбекистон Ислом Каримов имзо шуда буд. Аз он замон то кунун мансабдорони Ӯзбекистон танҳо дар сурати шиддат гирифтани масъалаи расму оин иқдом мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *