Ҷашнвораи Рӯдакӣ дар Академияи Илмҳо

Рӯзи панҷшанбе санаи 22 сентябр соати 10-и субҳ дар Академияи Илмҳои Тоҷикистон, бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ Ҷашнвораи Рӯдакӣ барузор мегардад. Дар ин бора, Шервони Умриддин, сухангӯйи ин ниҳод ба «TajikistanTaims» иттилоъ дод.

Ба иттилоъи манбаъ дар ин ҷашнвора олимони Академияи илмҳо, дар мавзӯъи мақому манзалати Рӯдакӣ суханронӣ хоҳанд кард.

Қарор аст, ҷашнвораро президенти Академияи илмҳо академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ кунад ва дар идомаи маҳфил профессор Абдунабӣ Сатторзода, Шарифмуроди Исрофилниё, Кароматулло Олимов ва дигар муҳаққиқон баромад кунанд.

Ҳамчунин рӯнамоии 3 китоб «Шарҳи мунтахаби ашъори Рӯдакӣ», «Шарҳи «Бӯстон» ва «Гулистон»и Саъдӣ» ва «Шарҳи ашъори Абудраҳмони Ҷомӣ» дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *