Ашраф Ғанӣ ба Узбекистон меравад

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ 4 декабр дар доираи як сафари расмӣ ба Узбакистон хоҳад рафт. Дар ин бора дар маросими пешвози нахустин ҳавопаймои масири Кобул-Тошканд дар фурудгоҳи ба номи Ислом Каримов хабар дода шуд.

Пештар вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов низ дар як ҳамоиш хабар дода буд, ки президенти Афғонистон аз Тошканд боздид хоҳад кард.

Ҷонибҳо тасмим доранд, ҳамкориҳои иқтисодӣ, имкони иштироки узбекистон дар иҷрои тарҳҳои муштараки Кобулу Тошканд, аз ҷумла дар бахши ҳамлу нақлро баррасӣ кунанд.

«Албатта, тавре пештар ҳам қайд шуда буд, Узбекистон ҷонибдори ҳалли сиёсии вазъи Афғонистон аст. Мо дар ин бобат низ табодули афкор намуда, ҳамдигарфаҳмии худро дар майдони сиёсат тақвият хоҳем дод», — қайд карда буд Комилов.

«Бо вуҷуди вазъи феълии Афғонистон, мо рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва башардӯстонаи худро идома хоҳем дод. Афғонистон ҳамсояи мосту бо он марзи муштарак дорем. Бино ба баъзе маълумот, дар ин кишвар чанд миллион узбак ҳам зиндагӣ доранд. Мо бо ҳам робитаҳои деринаи таърихиву фарҳангӣ дорем ва бояд муносибатҳои бародаронаи худро тақвият бахшем», — афзуд вазири умури хориҷии узбекистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *