Ашраф ва Мирзиёев. Суҳбати Куксарой бо чӣ анҷомид?

 

Сафари Ашраф Ғанӣ ба Тошканд тасодуф набуд. Ӯ ҳанӯз рӯзҳои аввали ба ҳайси Раиси ҷумҳури Афғонистон интихоб шуданаш изҳор намуда буд, ки мусоидат ба густариши муносиботи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя хоҳад кард. Дар мулоқот бо Президенти Ӯзбекистон ва ҳайати расмии ин кишвар ба забони ӯзбекӣ суханронӣ кардани Ашраф Ғанӣ низ шояд тасодуф набошад. Умуман, дар сиёсат мафҳуми тасодуф вуҷуд надорад. Миёни имконпазириву имконнопазирӣ расидан ба ҳадаф мароми сиёсатмадор аст. Оё Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ин сафар ба ҳадаф расид? Коршиносон аслан бар як назаранд: “- Бале, ба ҳадаф расид!”. Тавре сухангӯи  Раиси ҷумҳури Афғонистон изҳор дошт, дар назар буд, ки бо Ӯзбекистон 21 қарордод  ба имзо расад. Аз ҷумла, дар тиҷорат, иқтисодиёт, транзит. Ашраф Ғанӣ Афғонистонро ба унвони даҳлез ва васли Ӯзбекистон бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва ҳамчунин Ӯзбекистонро даҳлези васли Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Миёна, Русия, Чин ва Қазоқистон ном бурд.

Сайёмиддин Пасарлӣ, сухангӯи утоқи тиҷорати Афғонистон изҳор намудааст, ки “Дар маҷмӯъ, сафари Раиси ҷумҳур ба он хотир муассир аст, ки мо ба муваффақияти стратегӣ аз Ӯзбекистон ниёз дорем ва Ӯзбекистон  дар пружаҳои бузург Афғонистонро сармоягузорӣ хоҳад кард”. Ба ҳамин далел ӯ ин сафарро “як сафари муҳим ва ҳаётӣ барои Афғонистон ” ном бурд.

Дар рафти мулоқот ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ин нуктаро Ашраф Ғанӣ низ таъкид кард: “Мо эҳтироми бузург ба кумакҳои шумо дорем… Афғонистон ва Ӯзбекистон дорои манофеи муштарак ҳастанд. Афғонистон тасмим дорад дар бахши тиҷорат, иқтисод шарики стратегии Ӯзбекистон бошад, қарордодҳои мутақобилан судмандро тавсеа бахшад, корхонаҳои муштараки ҷадид бунёд созад…”.

Қарордодҳое, ки миёни Афғонистон ва Ӯзбекистон ба имзо расиданд, шояд дар заминаи вусъати иқтисодиёти ин кишвар чандон назаррас набошанд, аммо таҳкурсие барои тирамоҳи ҳосилхез хоҳад буд. Билхоса, ки бонкҳои бузург “Бонки ҷаҳонӣ”, “Бонки Аврупо” ва дигар институтҳои фаромарзӣ даст ба маблағгузории ин кишвар задаанд.

Дар нишасти сарони ду давлат робита  миёни Афғонистон ва Ӯзбекистон таърихӣ ном бурда шуд. Таърихӣ ба он хотир, ки Ӯзбекистон тӯли 16 соли охир аз Афғонистони ҷангзада канораҷӯӣ мекард, ҳарчанд Тоҷикистони ғарқи ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти Афғонистонро мушкилоти хеш медонист ва  Турманистони ҳамсоя дар фазои олудаи ғубори ҷанг аз ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ин кишвар даст намекашид.

Шавкат Мирзиёев бар хилофи сиёсати дарҳои бастаи Ислом Каримов сиёсати дарвозаҳои бозро корандозӣ кард ва ҳар имкони кӯчаки мавҷударо нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ бар манфиати стратегии кишвараш истифода мебарад ва ҳоло чунин сиёсатро нисбати Афғонистон низ роҳандозӣ месозад. То имрӯз мавсуф дар ин самт дар заминаи бозаргонғарқсозӣ дар мо ва бозиҳои маҳдуди сиёсӣ дар ҳамсоягони дигар муваффақ аст, ҳарчанд ин равандро  экспансияи иқтисодии Шавкат Мирзиёев ном мебаранд. Равшан аст, ки тарҳрезии чунин як сиёсат ҳосили майнаи фард не, балки кори мағзи маҷмӯи институтҳост. Тарҳи ин институтҳо чун киштии аз тӯфон бегазанд, ки сари чанбарааш Шавкат Мирзиеёв нишастааст, Ӯзбекистонро аз оғӯши меғҳои чун ғубори боди афғонӣ фазоро фарогиранд, берун мекашад. Албатта, асоси рушди иқтисодиёт амният аст. Мебояд ин ду бол- амният ва иқтисод кишварро чун бози баландпарвоз боло ва пеш баранд. Дар музокироти Шавкат Мирзиёев ва Ашраф Ғанӣ дар баробари масоили иқтисодӣ мавзӯи амнияти минтақа, мубориза алайҳи терроризм, бунёдгароии динӣ, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухадир мавриди гуфтугӯй қарор гирифтанд. Албатта, масоиле, ки мавриди музокироти ошкоро қарор гирифтанд, тавассути матбуот дастраси ҳамагон гаштанд, аммо дар заминаи мушкилоти муборизоти қавмӣ дар Афғонистон роҳбарони ду кишвар дар алоҳидагӣ чӣ суҳбате доштанд, ҳанӯз ба касе рӯшан нест.

Афғонистон бо Ӯзбекистон чӣ дошт ва ба чӣ натиҷае расид? Дар Ӯзбекистон то ҳанӯз 70 корхона бо ширкати соҳибкорони афғон, 20 ширкат пурра бо маблағгузории соҳибкорони афғон  фаъолият доштанд. Мубодилаи мол  миёни ин ду кишвар сол ба сол рӯ ба афзоиш аст. Дар нишасти сарони ду давлат қарордод марбут ба мубодилаи мол ба маблағи $ 500 000  ба имзо расид. Тасмим гирифта шуд, ки ин маблағ дар соли 2018 ба $ 1, 5 миллиард расонида шавад.

Мулоқоти сарвари ҳар ду давлат собит сохт, ки Ӯзбекистон на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Осиёи Ҷанубӣ низ мехоҳад мавқеи стратегӣ дошта бошад. Қарордод дар мавриди  сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф-Шибирғон-Маймана-Ҳирот (соли 2010 ҳудуди 75 км аз ҷониби ширкати “Ӯзбекистон темир йуллари” бо арзиши $129 миллион ба ин роҳ ибтидо шуда буд) асос бар ин гуфта аст.

Рафти мулоқот собит сохт, ки интиқоли неруи барқ ба Афғонистон яке аз ҳадафҳо — стратегияи иқтисодии Ӯзбекистон аст. Баъзе аз коршиносон ба имзо расидани Созишномаи “Бунёди хати барқи 500 кВт“Сухон-Пули Хумрӣ”” миёни ин ду кишварро заминае барои маҳдуд сохтани “КАSА 1000” ва боздоштани Афғонистон аз раъйи бунёди НБО-и “Даштиҷум” медонанд.

Барои маълумот: Ӯзбекистон соли 2015 1,2 млрд кВт/с. , соли 2016- 1,3  ва дар 8 моҳи соли 2017 1,1 млрд кВт/с неруи барқ бо нархи 10 сентӣ ба Афғонистон  содир кардааст.

Бозори рақобат мусоҳилакориро намепарастад. Инро роҳбарияти нави Ӯзбекистон ба хубӣ дарк кардааст. Ба ин хотир барои устувор сохтани мавқеи стратегиаш дар Афғонистон аз тамому роҳу воситаҳо истифода мебарад. Соли 2009 ширкати «Ӯзбектелеком» аз Ӯзбекистон ба Афғонистон бо қудрати 2,5 Гбит/с таноби нурӣ (оптоволоконная линия) кашида буд. Ҳол он ки ин тарҳ ҳанӯз соли 2006 аз ҷониби Ширкати “Вавилон” бо ташаббуси яке аз муассисони он Бахтиёр Мӯминов пешниҳод гашта буд. Аммо “Тоҷиктелеком” ба кадом иллати барои худаш маълум монеи амалӣ сохтани ин тарҳ гашт. Фазо ҳаргиз холӣ намемонад. Ин ташаббусро Ӯзбекистон фавран ба даст гирифт. Аз ин рӯ, барои рушди иқтисодиёт дар кишвар ва даст дар домони бозори минтақа будан соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бояд на танҳо дастгирӣ ёбад, балки соҳибкоронро чун гавҳараки чашм мебояд эҳтиёт кард. Дар акси ҳол он лаъле, ки мо орзу дорем, ҳамеша ҳамчун орзу боқӣ мемонад.

Анҷоми сафари Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Ӯзбекистон оғози корандозии барномаҳои нави иқтисодист. Аммо ин равобит рӯи риштаи нозуки амнияти минтақа қарор дорад.  Дар бӯстонсарои Кӯксарой раисони ҷумҳури Афғонистон ва Ӯзбекистон Комиссияи муштарак оиди амнияти минтақа таъсис доданд, ки бояд пайваста ба  онҳо аз вазъ ва амнияти минтақа маълумот пешниҳод намояд. Дар заминаи тафриқаандозӣ миёни қавмҳои Афғонистон то кадом андоза ин пешниҳодҳо созанда хоҳанд буд, вақт нишон хоҳад дод.

Ба ҳар сурат густариши равобити иқтисодӣ дар заминаи рақобати солим қадаме сӯи таъмини амният дар минтақа аст.

Шариф Ҳамдампур

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *