АШТ: 47 муаммои мактаби № 47

Мувофиқи  шикояти волидони бактаббачагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  № 47-и ҷамоати Ашт, деҳаи Дӯстии ноҳияи Ашт  аз ҷониби директори мактаб Муҳайё Икромова  ба маблағи 13  ҳазор сомонӣ  бе мувофиқа бо  волидон  гилем харидорӣ шудааст.  Барои ин аз 110 нафар кормандони мактаби мазкур 22 сомонӣ  аз ҳар нафар маблағ ҷамъ намудаанд, ки  баробар 2420 сомонӣ аст.

Илова бар  ин аз 33 синфхона, ки дар он беш аз 700 хонанда таҳсил доранд аз ҷониби маъмурият аз ҳар нафар аз 13 то 17 сомони маблағ ҷамъоварӣ шудааст. Бо ин масъала 30 нафар модар-падарони муҳассилини ин  мактаб бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти Прокуратураи ноҳия шикоят бурдаанд:

-Дар мактаби    миёнаи таҳсилоти умумии № 47-и деҳаи Дӯстӣ се фарзанди ман таҳсил мекунанд. Фарзанди калониям дар синфи 6 мехонад, дуюмӣ дар синфи чорум ва сеюмӣ дар синфи дуюм. Ҳамасола барои ҳарсе фарзандам 135 сомонӣ барои таъмири касметикии мактаб маблағ сарф мекунам. Албатта фарзандони мо, ки як соли дароз дар он ҷо таҳсил мекунанд мо модар падарҳо пули шикасту рехтро дареғ намедорем, вале дар ҳоле ки ҷарақ-ҷарақ пул ҷамъ мекунанду аз таъмири нишононе нест, албатта боиси норизоии волидон мегардад,  гуфт падари се хонандаи мактаби мазкур- Фурқат Раҳимҷонов.

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                                     Фарзона Муродӣ         

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

117 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *