АШТ: Дуздони нӯшокиҳои спиртӣ ба даст афтоданд
Чуноне ВКД хабар медиҳад, ба ШВКД дар ноҳияи Ашт марди 35-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 26-уми марти соли 2018, тахминан соатҳои 22:00-дақиқа, шахси номаълум, бо тариқи пинҳонӣ аз амборхонаи мағозааш, воқеъ дар деҳаи Ошобаи ноҳияи мазкур якчанд намуд нӯшокиҳои спиртии гуногунтамға, ки арзишашон 5340 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷоий ҳодиса ғайб задааст.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов зани 35-солаи сокини деҳаи Навбунёди ноҳияи мазкур дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми феврали соли 2018, тахминан соатҳои 23:00-дақиқа, шахси номаълум, бо тариқи пинҳонӣ ба ҳавлии истиқоматиаш ворид гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзишашон 6500 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷоий ҳодиса ғайб задааст.
Дар робита ба ин ҳодиса кормандони милитсия зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 20-солаи сокини шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расуловро бо гумони дуздӣ дастгир намуданд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ