АШТ: Марги омӯзгори 54-сола дар зери чархи “БМВ”
Дар шимоли кишвар як омӯзгори 54-солаи ноҳияи Ашт дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст.
Чуноне аз Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ин ҳодиса тақрибан соатҳои 21:00-и рӯзи 21 август дар маркази маъмурии вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст: “Сокини 26-солаи Хуҷанд ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Гагарин, воқеъ дар назди меҳмонхонаи “Эҳсон” бо мошини “БМВ” -и Алӣ Тоҷибоев, сокини ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт пахш намудааст”.
Дар натиҷа Тоҷибоев дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Алӣ Тоҷибоеви 54-сола соҳиби 5 фарзанд буда дар муассисаи таҳсилоти умумии №24-и ноҳияи Ашт ба ҳайси омӯзгори фанҳои ибтидоӣ кор мекардаас
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ