Ашт: Намоиши либосу хӯроки гулдухтарони суғдӣ

 Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд фестивал –озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» баргузор гардид, ки дар он Аниса Ҷалилӣ, муовини раиси ноҳия, Обода Каримӣ, мудири бахши кор бо занон ва оила ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт Зафар Мамадҷонов иштирок намуданд.

Тавре «Ховар» хабар медиҳад дар фестивал фестивал-озмуни «Гулдухтарони Суғдӣ» 6 нафар намоянда аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия байни ҳам қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа шоҳҷоизаро намояндаи Ҷамоати деҳоти Шодоба соҳиб шуд. Ҷои аввал насиби намояндаи Ҷамоати деҳоти Ашт, ҷои дуюм насиби намояндаи Ҷамоати деҳоти Ориён ва ҷои сеюмро намояндаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон соҳиб гардиданд.

Мақсади фестивал-озмун байни бонувон баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақил, фарҳанги либоспӯшӣ ва маҳорати кадбонугӣ арзёбӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *