Ашт: Рӯзи дарҳои кушода дар осорхона
18-уми май дар ноҳияи Ашт «Шоми дарҳои кушоди осорхона» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар ҷавонон ва сокинон аз осорхонаи ноҳия дидан намуданд.
Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт гуфт, ки бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо дар қаламрави кишвар доир мешавад.
Хонандагони мактаби Ашт дар назди осорхона
Дар асоси он шаҳрвандон метавонанд ба таври ройгон аз осорхонаҳо дидан намоянд. Чунин чорабинии фарҳангӣ дар ноҳияи Ашт низ баргузор гардид ва мақсад аз роҳандозии он шинос кардани ҷавонон бо фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошад.
Дар Рӯзи дарҳои кушоди осорхона ба ҷавонон дар мавриди олотҳои таърихӣ ва таърихи халқи тоҷик маълумот дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ