Ҳасиб аз мушхона
Ҳасибҳои “Ҷонона”, “Докторская”, “Салямӣ”, “Рамазон”, ширӣ ва мурғиро хӯрем ё нахӯрем?
“Ин манзара бароям даҳшатовар буд,- мегӯяд як нафар аз иштирокдорони рейд. Мушҳо гӯй, ки мусобиқаи дав доштанд. Пасу пеш метохтанд, парвое аз будани одамон надоштанд.
Чашмам афтод, ки як муш ба дохили гӯшти ҳасиб афтод. Дигар аз ӯ ному нишоне намонд, ба ҳасиб табдил ёфта буд. Дилам беҳузур шуд.
Ахлоти мушҳо аз бисёрии онҳо як ҷо ҷамъ шуда буданд. Онҳо ҳам бо гӯшти ҳасиб дармеомехтанд. Дар як лаҳза ин манзара ва манзараи ба корхонаҳо, мағозаҳо ва салонҳои сартарошӣ, бо чашми тамаъ назар кардану пеши роҳи тиҷорати мардумро гирифтани кормандони “Санэпидемстансия” пеши назарам омад. Онҳо куҷо менигаранд? Ё дидани ин манзара бар манфиати онҳо нест?
Мо ифтихор дорем, ки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока бозори истеъмолии кишварамонро ғанӣ месозанд,маҳсулот арзон мешавад. Аммо дар роҳи амнияти озуқаворӣ набояд сифат ва таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ сарфи назар гардад. Маҳсулоти гӯштӣ ва ё ҳасиб, ки дар бозори ватанӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар қатори бештар аз сад номгӯи маҳсулоти воридотӣ ба назар мерасанд, аз рӯи бандубаст ҳар яки он бо назардошти ҷалби таваҷҷуҳи харидор безарар ва табиӣ арзёбӣ шудаанд. Оё дар асл чунин аст?
Санҷиши якҷояи кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ рӯзи 10-уми октябри соли 2018 нишон дод, ки на! Санҷиш ҳолати зиёди ғайристандартиро ошкор намуд, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунанда ва талаботи амнияти озуқавориро поймол месозанд.
Файзалӣ Ҳасанзода, сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнии РМЗҶМ ВКД ҳангоми суҳбат чунин иброз дошт:
-Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳо ба муқобили моликияти зеҳнии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор молу маҳсулоти пастсифат ва барои ҳаёти инсон хатарнок ошкор карда шудааст. Нисбати паҳнкунандагони чунин молу маҳсулот чораҳои қонунӣ андешида шуд. Аз аввали сол то кунун ҷамъ ба маблағи зиёда аз як миллиону ҳаштсад ҳазор сомонӣ маҳсулоти пастсифат, ба монанди хокаҳои маводи хуштамъкунанда, приправаҳо, маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, ҳасибӣ, нӯшокиҳои спиртӣ, равғани растанӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт ва масолеҳи сохтмонӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Санаи 10-уми октябри соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи милитсияи экологӣ аз дохили автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” бо қайди давлатии 6197 ВХ 01, ки ба шаҳрванд Машраб Норқулов, сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, ба миқдори 200 кг ҳасиби гуногуни муҳлаташон гузашта ёфта мусодира карда шуд.
Ё соҳибкор Шодиев Абдуғаффор Абдусатторович — сокини деҳаи Қӯштеппаи Ҷамоати деҳоти “Россия”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар кӯчаи Мастонгулов 135 суроғаи шаҳри Душанбе коргоҳи ҳасибтайёркунӣ кушодааст, ин ки ҳангоми аз назаргузаронии ин коргоҳ ба миқдори 720 кг гӯшти гов ва қимаи мурғи ғайристандартӣ ошкор гардид.
Ин маҳсулоти гӯштӣ комилан барои истеъмол хатарнок буд, ба сиҳатии шаҳрвандон таҳдид мекард. Маълум шуд, соҳибкори инфиродӣ Шодиев фаъолияти коргоҳашро махфӣ ба роҳ монда буда, қариб тамоми маҳсулоти ҳасибиро дар шароити ғайристандартӣ ва ҳолати бади санитарӣ истеҳсол мекард. Дар ин коргоҳ ҳар гуна хояндаҳою ҷонварони зараррасон зиёд буда, онҳо дар дохил ва атрофи дастгоҳи гӯштқимакунӣ гаштугузор доранд. Дар баробари ин таркиби тамоми маҳсулот ва хамираи барои ҳасиб пешбинишуда пурра вайрону ғайристандартӣ, аз ҷумла бо ахлот олуда мебошанд.
Таассуфовар он аст, ки дар ин коргоҳи ғайристандартӣ маҳсулоти ҳасибии бозори истеъмолии “Ҷонона”, “Докторская”, “Салямӣ”, “Рамазон”, ҳасибчаҳои ширӣ ва дигар ҳасибҳои гуногуни мурғӣ низ истеҳсол мегарданд. Дар тамоми ҳасибҳо навиштаҷоти “ЧП Шодиев А.” бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Титов 135 ё ин ки Мастонгулов 135 ҷой дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз сарфи назар аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат шахсони бемасъулият бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба амалҳои зишту ғайриқонунӣ даст мезананд, ки оқибат ба солимии ҷомеа зарари ҷиддӣ мерасонад. Пешгирии ин раванд аз ҳар як сохтори марбутаи иҷозатномадиҳӣ ва санҷишӣ масъулияти баландро тақозо менамояд.
Бахтовар Сафаров,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ