Ҳасиб ҷони Умаралиро рабуд?

Рӯзи 13 декабр баъд аз истеъмоли ҳасиб аъзои як хонавода дар ҷамоати М. Вайсов, деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон заҳролуд шуданд. Яке аз онҳо — Умаралӣ Давлатови сесола – дар бемористон аз дунё чашм пӯшид.

Сафаралӣ Давлатов, падари фарзандон дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт: «Мисли ҳамешагӣ барои фарзандонам аз мағозаи деҳа ҳасиб харидорӣ намудаму 5 фарзанд ва ҳамсарам истеъмол намуданд. Баъд аз гузаштани чанд вақт писари сесолаам лабонаш кабуд гашта, якбора ҳолаташ вазин гашту дигар кӯмаке карда натавонистем ва ӯ вафот кард. Дар аввал фикр кардам, ки бо сабаби ҳарорати баланди дарунӣ писарам вафот кард. Вале баъдан ташхис карда, гуфтанд, ки аз ин ҳодиса заҳролудшавӣ ба вуқуъ пайвастааст. Вақте ба хона баргаштем як-як фарзандонам аз дарди шикам шикоят карда, лабонашон кабуд шудан гирифтанд. Табибон низ гуфтанд, ки бояд ҳамаи нафароне, ки аз ҳасиб истеъмол кардаанд, фавран меъдаҳояшонро шустан лозим аст. Бо ин роҳ, яъне шустани меъда дигар аъзоёни оилаамро аз марг наҷот доданд. Ҳамсарам низ аз ин ҳасиб хӯрда буд ва баъди нишонаҳои заҳролудшавӣ ӯро ба беморхона бурдем.»

Ҳамаи аҳли ин оила дар таҳти назорати духтурон буданд ва субҳи 15 декабр ҳамаи онҳо, аз ҷумла Идигули 10-сола, Макнунаи 9-сола ва Мафтуна, ки 7 сол дорад, аз беморхона ҷавоб дода шуданд. Тамоми ҳасибҳоеро, ки дар мағозаҳои деҳа фурӯхта мешуданд, аз тарафи мақомоти марбута ҷамъ карда, барои ташхис бурданд. Баъд аз ташхис маълум гашта, ки ҳасибҳо истеҳсоли яке аз ширкатҳои ҳасиббарорӣ, ки дар худи ноҳия фаъолият мекунад, будааст.

Дар рӯзҳои охир ин алакай дастикам мавриди сеюми аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шудани сокинон дар минтақаи Кӯлоб аст.

Рӯзи 10 декабр 4 узви хонаводаи Раҷабалӣ Мисралиев, як сокини шаҳри Кӯлобро бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористони бемориҳои сироятии ин шаҳр бистарӣ карданд. Ба гуфтаи наздикони Мисралиев, онҳо дар роҳи бозгашт аз Душанбе иттифоқан аз як мағоза дар ноҳияи Восеъ ҳасиб харидаанд ва баъди истеъмоли ин ҳасиб зану шавҳар ва ду кӯдаки хурдсоли онҳо ба бемористон бурда шуданд.

Ҳамин тавр, як кӯдаки хурдсол аз ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шоҳин низ бо аломатҳои заҳролудшавӣ дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *