Аскар Ҳаким: номи Рӯмонро баргардонед!
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон зимни як муроҷиати хеш дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов ба номи таърихиаш Рӯмон иваз карда шавад. Ин пешниҳоди Аскар Ҳаким боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳои зиёд шуд.
Аскар Ҳаким менависад: “Ҳамин ҳоло ба ман писари шоираи маҳбуби шодравон Норинисо – Илҳомҷон аз деҳаи Рӯмони Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров телефон карда, гуфт, ки ба онҳо барои дигар кардани номи ҷамоати Ҳайдар Усмонов дастур омадааст ва ӯ ҳамчун вакили ҷамоат фикри бошандагони деҳа ва ҳамчунин онҳоеро, ки дар ин ҷо зода шудаанд, ҷамъ меоварад, то ба як хулоса омада, номи муносиберо пешниҳод кунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки агар номи деҳа – Рӯмонро пешниҳод кунем, шояд нагузарад, зеро мегӯянд, ки ин ном арабӣ асту маънояш анор мебошад.
Ҳоло ман ба дӯстон мегӯям, дуруст аст, ки дар забони арабӣ ба ҳамин маъно калимаи “раммон” ҳаст, аммо он ба Рӯмон ҳеҷ алоқа надорад. Рӯмон калимаи қадимии авастоӣ мебошад, ки аввалҳо дар шакли Ром – номи фариштаи бод буд, ки бахшояндаи ҳаёт аст. Аз ин ном Ҳарумон номи шаҳри қадимӣ низ сохта шудааст. Баъдҳо дар натиҷаи пеш аз ҳарфҳои “м” ва “н” бадал шудани садоноки “о” ба “ӯ”, ки дар забони мо маъмул аст, ин калима шакли Рӯмон-ро гирифтааст. Бинобар ин, “Рӯмон” – номи фариштаи боди ҳаётбахш аст, ки номи авастоии ориёии чандҳазорсола буда, боиси ифтихори на танҳо сокинони ин деҳа, балки тамоми мардуми тоҷики ориёитабор мебошад, ки онро то имрӯз зинда нигоҳ доштааст. Ба ҷамоат чунин ном додан – “Рӯмон” далели посихотирдории таърихӣ хоҳад шуд, ки аз сиёсати имрӯзии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.
Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ”
Профессор Матлубаи Мирзоюнус низ пешниҳод кардааст, ки номи “Рӯмон ҳифз карда шавад”.
Муҳаққиқ Шералӣ Ризоиён бошад, ҷонибдори расмӣ шудани номи Рӯмон аст ва пешниҳоди худро ба ин далел исбот мекунад: “Дар сад соли охир чӣ номе ба ҷамоат намонда бошанд: Қизил Байрақ, Ҳ.Усмонов ва ғайра мардуми Хуҷанд ва атрофи он ҳамеша Румон мегуфтанд. Агар ҳозир номи таърихиро низ расмӣ накунанд, боз ҳамон Румон мемонад”.
Дар баробари тарафдорон нафароне низ ҳастанд, ки муқобили иваз кардани номи ҷамоати Ҳайдар Усмон ҳастанд.
Моҳира Раҳимзода, яке аз онҳост. Ӯ мегӯяд: “Ҳайдар Усмон каҳрамони ҷанг аст ва барои ҳифзи Ватан ҷоннисорӣ кардааст. Ҳоҷат ба иваз кардани номи ҷамоат набояд бошад”.
Музаффар Саидов як сокини 54 солаи ҷамоати Ҳайдар Усмон низ муқобили иваз кардани номи ҷамоат аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳукумат ба ҷойи ҳар рӯз иваз кардани номи шаҳру навоҳӣ маблағҳоро барои ободӣ сарф кунад: “Дар иваз кардани номи як ҷамоат миллионҳо сомонӣ маблағ сарф мешавад. Беҳтар аст, ба ҷои ин боғчаи кӯдакон ё мактаб созанд” – мегӯяд ӯ.
Бо вуҷуди ин бештари донандагони таърих ҷонибдори баргардонидани номи Рӯмон ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ба калонтарин ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба номи Ҳайдар Усмонов баргардонидани номи Рӯмон ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта ба вуҷуд омада, вале бенатиҷа монда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ