Аскар Нурализодаро аз ҲХДТ ронданд
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Аскар Нурализода, як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисодро, ки бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора боздошт шуд, аз узвияташ хориҷ кардааст. Масъулини ҳизби ҳоким мегӯянд, вакилии Нурализода низ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ соқит шуда, рӯзҳои наздик ҲХДТ ба ҷойи ӯ номзади навро пешниҳод мекунад.
Як масъули Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, рӯзи 9-уми октябр гуфтааст, ҲХДТ Нурализодаро баъди боздошт аз узвияти худ хориҷ кард. Ин масъули ҲХДТ гуфтааст, Нурализода бо ин рафтори худ ба обрӯи ҳизб ҳамчун узви он халал расонд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ