Аскар Нурализодаро ба 11 соли зиндон маҳкум карданд

Масъули пешини вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аскар Нурализода, ки барои гирифтани ҳудуди 500 ҳазор доллар пора боздошт шуда буд, ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Ин хабарро Додгоҳи ноҳияи Сино  тасдиқ кардааст .

Бино ба иттилои  масъулони додгоҳи ноҳияи Сино, ҳукми додгоҳ дар нисбати Аскар Нурализода рӯзи 10-уми январи соли ҷорӣ содир шудааст. Ҳукми додгоҳ дар нисбати Аскар Нурализода ҳоло ба ҳолати иҷро надаромадааст ва ӯ ҳоло ҳуқуқ дорад, ки аз болои он шикояти кассатсионӣ барадГуфтааст масъули додгоҳ.

Ин мақоми Вазорати рушди иқтисод ва савдо тирамоҳи соли гузашта ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки Аскар Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ, аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хоста буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *