Аскаронро дар хизмат мезананд? (Видео)

Имрӯзҳо дар сар то сари кишвар маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиши миллӣ идома дорад. Дар ҳоле, ки ҳимояи марзу буми кишвар қарзи ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад, аммо чун маъракаи даъват ба сафи артиши миллӣ оғоз мегардад, аксарияти ҷавонон аз он сарпечи менамоянд.

Айни замон масъалаи даъват ба артиш яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва доғи рӯз дар ҷомеи гаштааст. Сабаби ин ҳама сарпечии ҷавонон аз хизмат дар чист?

Умеда Холова сокини ш. Душанбе ба саволи мазкур чунин посух дод:

«Ҷавонон ҳарос доранд аз хизмат рафтан. Чунки шахсони аз хизмат баргашта мегӯянд, ки онҳоро дар қисми ҳарбӣ мезананд. Хӯрок намедиҳанд. Онҳоро бо асбобҳои бурранда (корд, теғ ва монанди инҳо) ранҷ медиҳанд. Инчунин либосҳои гарм дар фасли сармо намедиҳанд. Ҳатто ҷойи хобашон хуб нест. Ман фикр мекунам сабаби асоси дар ҳамин аст. Албатта агар шароит дар қисми ҳарбӣ чунин бошад ман ҳам писар мебудам намерафтам ба хизмат. Беҳтар аст, ки ҷавонон ба Россия мардикори раванду зиндагиашонро пеш баранд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *