Аслов аз иқдоми ИМА розист

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ дар нишасти гурӯҳи “С5+1”дар Вашингтон гуфт, ки ҳузури ИМА дар иқтисодиёти  Осиёи Марказӣ дар пешрафти иқтисод ва суботи минтақа манфиатовар аст. Мулоқоти гурӯҳи мавсум ба “С5+1” рӯзи 3 август дар шаҳри Вашингтон бо пазироии котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баргузор шуд.

Сироҷиддин Аслов дар суханронии худ гуфт: Тоҷикистон мутмаин аст, ки ҳамоиши ин кишвар дар гурӯҳи “С5+1”ба мо имконият медиҳад, ки самтҳои нави ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА-ро боз намоем.”.

Нишасти гурӯҳи “С5+1” масоили ҳамкориҳои наздики ИМА бо панҷ ҷумҳурии минтақа – Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистонро ба баррасӣ гирифтааст. Ҷон Керрӣ дар оғози нишаст ҳамтоёнашро аз Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳои бештар дар муборизаи муштарак зидди терроризм ва ҳам ташвиқи рушди иқтисодӣ дар минтақа даъват кард. Керрӣ гуфт: “Умедворем, ки имрӯз аз роҳи ташаббусҳои навиминтақавӣ дар масоили мубориза бо терроризм, рушдииқтисодӣ ва энержии пок ба пешравие даст меёбем. Яке азбарномаҳо -шурӯи музокирот дар чаҳорчӯби форуми ҷаҳонии зиддитеррористӣ аст, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва коҳиши таҳдидҳои ҷангиёнихориҷӣ мусоидат кунад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *