Аспҳои қирғизӣ роҳи Исфара –Ворухро бастанд
16 декабр, тахминан соати 18:20, баъди гум шудани ду аспи як сокини деҳаи Оқсой, сокинони ин деҳаи ноҳияи Бодканди Қирғизистон роҳи Ворух – Исфараро бастанд. Дар ин бора ба «Азия Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомии Исфара хабар додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар умум ором аст, вале роҳ баста боқӣ мемонад. Ӯ афзуд, ки мақомоти қудратии мустақар дар Ворух дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Як сокини Ворух низ дар ҷои ҳодиса қарор доштани марзбонони тоҷику қирғизро тасдиқ кардааст, вале гуфтааст, ки баъди ин ҳодиса нирӯи барқро қатъ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ