Аспи 6000 доллара аз Исфара ба Истаравшан рафту аз пулаш дарак нест

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшан бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 25-уми майи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 51-солаи сокини шаҳри Исфара даромада, аз ӯ 1-сар аспро ба маблағи 6000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта,  маблағашро надодааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, ташфтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *