Аспи ки зӯр?
Имрӯз дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» баргузор мегардад.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16- сола боло бо аспҳои 2 -сола, 3- сола, 4 -сола ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок ва қувваозмоӣ мекунанд.
Иштирокдороне, ки дар масофаҳои муқарраргардида ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол менамоянд, бо мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Дар мусобиқаи мазкур шоҳҷоизаи асосӣ-«Аспи зоти тоҷикӣ» муқаррар гардидааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ