Аспи Сайёд аз Наимҷон пеш гузашт
Хонандагон азиз! Пойгаи сарояндагони ҷавон баҳри расидан ба марра дар озмуни ҷумҳуриявии “Оҳанги ҷавонӣ” торафт шиддат мегирад.
Мухлисон хуб медонанд, ки ҳар лаҳзаи ғаниматро бояд пурсамар истифода бурд, зеро сарояндагоне, ки то санаи 25-уми декабр камтар аз 300 овоз мегиранд, номашон аз рӯйхати иштирокчиёни озмун бароварда шуда, шанси ба даст овардани шоҳҷоизаи озмун-сафар ба шаҳри Дубайро аз даст медиҳанд. Айни ҳол байни довталабони озмун Сайёди Субҳон, писари шодравон Субҳони Саид пештоз аст. Сайёдро мухлисони ҳунараш бо ҷӯшу хурӯш дастгирӣ карда, ҳамарӯза ба ҷонибдории ин ҷавони ҳунарманд даста-даста барга мефиристанд. Шумораи овозҳои ба даст овардаи Сайёди Субҳон аллакай ба 1081 расидааст ва ин ҷавони боистеъдод яке аз довталабони асосии шоҳҷоизаи озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ба ҳисоб меравад. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, Сайёд аллакай дар байни ҳаводорони ҳунари асил соҳиби эҳтиром ва эътибор аст, бар замми ин, мухлисони падараш низ ҳамчун асои пир ба ҷойи пир Сайёдро дастгирӣ менамояд. Ҷонибдорони мактаби ҳунарии Субҳони Саид бар он назаранд, ки Сайёди Субҳон арзандаи ғолибият дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” мебошад, аммо мухлисони ҳунармандони дигари тоҷик низ паст омаданӣ нестанд. Наимҷони Сайдалӣ, Рӯзибеки Файзалӣ ва Ҷурабек Аҳмадҷонов низ барои соҳиби шоҳҷоизаи озмун гаштан талош доранд. Ҳафтаҳои қаблӣ ин ҳунармандон аз Сайёди Субҳон пештар қарор доштанд, вале тӯли ҳафтаи охир ҳавсалаи мухлисонашон пир шуда, овоз доданро фаромӯш карданд. Сукути эшон имкон фароҳам овард, ки Сайёди Субҳон аспашро қамчин зада, аз тамоми ҳарифонаш пеш гузарад. Акнун ин ҷавони ҳунарманд пештоз аст ва торафт ба марра наздиктар мешавад. Наимҷони Сайдалӣ Сайёдро дарёб карда метавонад ё не, ин саволест, ки танҳо райъи мухлисон ва шумораи баргаҳои ба ҷонибдории ин ду ҳунарманди ҷавон воридгашта ба он посух гуфта метавонад. Мо бошем, танҳо ҳаминро ёдрас мешавем, ки озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” шаффоф мегузарад. Ошнобозию ноадолатӣ дар озмун ҷой надорад. Шоҳҷоиза насиби ҳамон ҳунарманде хоҳад гашт, ки шумораи аз ҳама зиёди овози мухлисонро ба даст меорад.
Айни замон мухлисони Наврӯз Давлатов, Муниси Иброҳим ва бонуи андалебовоз Зулайхо Маҳмадшоева дар овоздиҳӣ тариқи сомона пешсаф ҳастанд ва ин ҳунармандонро дар “Тajikistantimes.tj” дастгирӣ намуда, ҳамарӯза зери номашон лайкҳои зиёде гузошта истодаанд. Ногуфта намонад, ки тариқи сомона овоз додан хуб аст, вале тақдири ҳунармандонро лайк не, шумораи барга-анкетаҳое, ки ба дасти мо мерасанд, ҳал хоҳад кард. Дар ҷамъбасти озмун танҳо як ҳунарманд метавонад тариқи сомонаи “Тajikistantimes.tj” соҳиби ҷоиза гардад, боқӣ 10 нафар ғолибони озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро тариқи баргаҳои озмун, ки ҳар ҳафта дар “Оила” чоп мешаванд, интихоб хоҳанд гашт. Аз ҳамин сабаб мо ба мухлисони Муҳаммадрафии Кароматулло, Ситораи Кароматулло, Фирӯза Ҳафизова, Фарзонаи Хушед, Фаридуни Хуршед, Нигора Холова, Мино, Меҳрнигори Рустам, Беҳрӯз Зеваров ва дигар иштирокчиёни озмун маслиҳат медиҳед, ки фурсатро аз даст надода, ҳарчи зудтар барга-анкетаҳои озмуни “Оҳанги ҷавонӣ”-ро аз ҳафтаномаи “Оила” бурида бигиранд ва номи ҳунармандони дӯстдоштаашонро навишта, ба редаксия фиристанд. Дар овоздиҳӣ ягон маҳдудият гузошта намешавад, ҳар як мухлис имкон дорад, ки ба қадри хоҳиш ва тавону худ ба тарафдории сарояндаи дӯстдоштааш барга фиристад. Биштобед, ғалабаи бурди сарояндаи писандидаатон дар озмун ин бурди шумо ҳам ҳаст!
Рустам Азимӣ
Р/С
Хонандагони азиз, агар дар мавриди тарзи овоздиҳӣ дар озмун саволе дошта бошед, метавонед ба рақамҳои зерин занг занед: 985-81-89-81 ва 238-52-52.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ