Қасри Деваштичро дар Панҷакенти қадим ҷустуҷӯ доранд

Бостоншиносон дар ҳудуди Панҷакенти қадим Қалъаи эҳтимолии Деваштичро пайдо кардаанд ва корҳои ҳафриётӣ дар он оғоз шудааст.

Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон ироа кард ва моро ба шаҳри Панҷакент, ба Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакенти қадим бурд, то бубинем, ки шоҳ Деваштич дар чӣ қасре иқомат мекард. 

Музей-мамнӯъгоҳ

Панҷакенти қадима дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Панҷакенти ҳозира дар баландии 900 метр аз сатҳи баҳр дар соҳили чапи дарёи Зарафшон воқеъ аст. Ба навиштаи муаррихон, Панҷакенти қадим дар асри 5-и милодӣ бунёд шуда, муддати 300 сол ба унвони шаҳри ашрофон, коҳинон,  тоҷирон ва ҳунармандон дар силсилаи Роҳи бузурги абрешим рушду нумӯъ кардааст. Дар асри VIII лашкарони истилогарони араб Панҷакенти бостониро тасарруф карда, онро оташ зада, ба хок яксон карданд.

Исматулло Раҳматуллоев, ходими калони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм мегӯяд, ки шаҳри Панҷакенти бостонӣ соли 1946 аз ҷониби бостоншиноси маъруфи Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Юревич Якубовский кашф шуда, аммо то ҳол дар ин ҷо ганҷинаҳои қадимаю тилло ва ҷавоҳирот пайдо нашудааст ва ба ҳамин далел ин шаҳри бостонӣ ҳафриёту мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтааст. Раҳматуллоев таъкид кард, харобаҳои боқимонда аз он шаҳодат медиҳад, ки ин шаҳри ашрофзодаҳо, сарватмандон, коҳинон, тоҷирон ва ҳунармандон будааст. Зеро бештари биноҳои ин шаҳри бостонӣ ду ё се ошёна дошта ва аз манзили поёнӣ ба боло тавассути роҳрави пурпечутоб ё спиралӣ мебаромаданд.Ҳамчунин, дар шаҳри бостонӣ қасри шоҳ, ду ибдатгоҳ ё маъбад ва чанд бозор воқеъ будааст. Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи муаррихи тоҷик, дар шаҳри Панҷакенти бостонӣ 100 адад деворнигорӣ ва муҷассамаҳои хурди гилӣ ва чӯбии худоҳои қадима ёфт шудаанд, ки то ҳол рангҳои қадимаашон ҳифз шудаанд.

Исматулло Раҳматуллоев гуфт, аз рӯйи маъхазҳои хаттии даврони Суғди қадим қасри шоҳ Деваштич дар қисмати чапи шаҳр, дар баландӣ воқеъ гашта ва дар мобайн дарёчае ҷорӣ мешудааст. Қасри шоҳ дар се ошёна қомат афрохта, дар он ҷо шоҳ бо аҳли хонаводааш ва муқаррибонаш зиндагӣ мекардааст. Деворнигораҳо аз он ҳикоят мекунанд, ки шоҳ Деваштич дар толори қаср сафирону меҳмонони баландпояи хориҷиро пазироӣ карда ва базмҳо баргузор мекардааст. Ҳоло ин ҳама дар зери қабати бузурги хок маҳфуз буда, шаҳри Панҷакенти қадима музей-мамнӯъгоҳи давлатӣ эълон шудааст.

Деваштич кӣ буд?

Деваштич яке аз шоҳон ё ихшиди вопасини Суғди Самарқанд, ҳокими Панҷакент, қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб маҳсуб мешавад. Деваштич соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд Ғурак ва ҳокимони Истаравшану Шаҳристон ва Хуҷанду Фарғона дар шӯриши озодихоҳии суғдиён зидди истилогарони араб иштирок кардааст.

Исматулло Раҳматуллоев, ходими калони илмии Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм мегӯяд, ки соли 722 лашкаркаши араб Саид Ал-Ҳарошӣ аз шаҳри Самарқанд бо лашкари 10 ҳазорнафара барои тасарруфи Панҷакент ҳамла кардааст. Шоҳ Деваштич танҳо 500 сарбоз дошта ва имкони муқовимат бо лашкари арабро надоштааст. Ба ин далел Деваштич бо аҳли хонавода ва муқаррибонаш ба қалъае дар кӯҳи Муғ паноҳ мебарад. Раҳматуллоев гуфт, тибқи маълумоти ёдгориҳои хаттии даврони Суғд пас аз ду моҳи муҳосираи қалъа, ки муҷиби гуруснагӣ шуда буд, Деваштич барои кафолати ҳаёти аҳли хонавода ва наздиконаш бо сарлашкари араб Ал-Ҳарошӣ музокира  карда ва худро таслим мекунад.Аммо арабҳо ба ваъдаи худ хиёнат карда, сарвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро тирамоҳи соли 723 дар Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба халаифаи араб дар Ироқу дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусурӣ, ки дар Тахористон иқомат дошт, фиристоданд.

Зимнан, дар миёни 74 санади хаттии суғдӣ, ки соли 1932 дар Қалъаи Муғ дар кӯҳистони Муғ (Истаравшани ҳозира) кашф шуда буд, номаҳои Деваштич ва маълумот дар бораи ӯ мавҷуд буд. Дар ин номаҳо Деваштич аз ҳокимони Суғд, Фарғона, Хуҷанд, Истаравшан ва Шаҳристон даъват кардааст, ки муштаракан алайҳи истилогарони араб мубориза бурда ва кишварро муҳофизат кунанд. Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии неруи ҷангандаи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Дар ин миён ихшиди Суғд — Ғурак аз тарси эътибори рӯзафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамроҳи онҳо бар зидди раияти худ ҷангид. Дар натиҷа, Деваштич шикаст хӯрд ва лашкари араб пас аз тасарруфи Панҷакент шаҳрро оташ зада ва ба хок яксон карданд.

 Дар мавриди сарнавишти хонаводаи Деваштич аз маъхазҳои таърихӣ маълумоте боқӣ мондааст. Тибқи он Тархун, писари Деваштич ба дасти арабҳо асир афтода ва ба Ироқ интиқол ёфтааст. Се насли Деваштич дар Ироқ зиндагӣ карда ва дар авоили асри IX-и милодӣ ба Хуросон баргаштаанд.

Қасри Деваштич кай рӯнамоӣ мешавад?

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта дар нишасти матбуотӣ гуфт, корҳои ҳафриётӣ барои аз зери қабати хок пайдо кардани қасри шоҳ Деваштич аз нав оғоз шудааст. Ӯ афзуд, ки дар қисмати поёни Панҷакенти қадим, дар баландӣ нишонаҳои хонаи бузурге ёфт шудаанд, ки пурра гулкорӣ шуда ва ба эҳтимоли ниҳоят зиёд қасри шоҳ Деваштич аст. Абдураҳмон Пӯлодов, ходими хурди илмии пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент-Саразм гуфт, дар тобистони соли ҷорӣ дар баландие, ки гуфта мешавад дар зери қабатҳои хоки он Қасри Деваштич ҷой гирифтааст, корҳои ҳафриётӣ дубора оғоз гардид. Ба далели маҳдуд будани имконоти молӣ корҳои ҳафриётӣ шояд ду ё се моҳ идома ёбад. Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, ки бо чунин суръат идома ёфтани корҳои ҳафриётӣ барои аз зери хок берун овардани қасри Деваштич эҳтимол 20-25 сол лозим шавад.

Пӯлодов мегӯяд, пораҳои зарфҳои сафолию чинӣ, деворнигораҳои рангини мулоқоти шоҳ Деваштич бо сафирони хориҷӣ, базмҳои шоҳӣ, майдони набардҳо, ки дар ҷараёни ҳафриёт ёфт шудаанд, гувоҳи он аст, ки дар ин баландӣ харобаҳои қасри Деваштич воқеъ гаштааст. Ҳамчунин, дар ин минтақа тангаҳои чинӣ, византиягӣ ва юнонӣ пайдо шудаанд, ки аз тиҷорати густарадаи Панҷакенти қадима бо мамолики хориҷӣ ҳикоят мекунад. Ба гуфтаи вай, қасри шоҳ аз се толори андозаашон 22 бар 12,5 метр ва се толори хурд иборат будааст. Нишонаҳои деворнигораҳо аз ороиши рангини толорҳои қаср ва роҳравҳо гувоҳӣ медиҳад. Муаррихони тоҷик мегӯянд, ки бар асари ҷангҳо миёни неруҳои суғдиён ва лашкари араб дар солҳои 721-722 Панҷакенти бостонӣ ба коми оташ рафта, бештари қисматҳои қасри шоҳ ва деворнигораҳо барқасдона нобуд карда шуданд.

Дар поёни қасри Деваштич дарёчае ҷорӣ мешуд ва ҳоло ҳам сокинони Панҷакент аз оби он менӯшанд. Он замон миёни қасри шоҳ ва Панҷакенти қадима пуле вуҷуд дошт, ки шоҳ аз тариқи он барои ибодат ба маъбади зардуштӣ мерафт. Бостоншиносони тоҷик боқимондаҳои ин пулро пайдо кардаанд, ки ин далел аз вуҷуди қасри Деваштич дар ин минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Ба гуфтаи Нуриддин Сайфуллоев, раиси бахши бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон, барои ҳафриёти Панҷакенти бостонӣ, аз ҷумла, қасри шоҳ Деваштич ба маблағи зиёд ва кумаки бостоншиносони хориҷӣ ниёз аст. Дар марҳилаи аввал маблағи ҳафриёт аз буҷаи Тоҷикистон ихтисос дода мешавад. Дар назар аст дар оянда аз ҳисоби маболиғи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба маконҳои таърихии Панҷакент барои идомаи ҳафриёт сармоя пайдо шавад.  Феълан бостоншиносони Фаронса ва Русия якҷо бо ҳамкасбони тоҷики худ дар ҳафриёти Саразм ва Панҷакенти қадим фаъолият мекунанд. Зимнан, бино ба иттилои Осорхонаи Панҷакенти қадим танҳо дар рӯзҳои 3 ва 4 август ҳудуди 100 сайёҳи хориҷӣ аз Панҷакенти қадим ва Саразм дидан кардаанд. Билети Панҷакенти қадим барои сайёҳони хориҷӣ 10 сомонӣ арзиш дорад. Дар сурати афзоиши теъдоди сайёҳон имкон дорад маблағи қобили мулоҳизае ҷамъоварӣ шавад. Саразм, ки ба феҳристи осори фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст, аз қадимтарин шаҳрҳо дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва ба гуфтаи бостоншиносон, 5 ҳазор сол пеш бунёд шудааст. Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон 5500-солагии Саразм 12-уми сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент таҷлил мешавад. Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон раиси Кумитаи ташкили ҷашни 5500-солагии Саразм таъин шуда, ба ҳайати кумитаи ташкилӣ вазирону раисони кумитаҳо шомил шудаанд.

Мардони Муҳаммад,

Душанбе-Панҷакент-Душанбе   “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *