Асри ХХI – асри Бадахшон
Ёддошт аз сафар ва ду мушкилоти Боми Ҷаҳон
-Хоруғ меравӣ, — ногаҳон пурсид аз ман журналисти шинохта ва феълан корманди ширкати «Тсеll» Хилватшоҳи Маҳмуд.
-Албатта, — бе ягон дудилагӣ посух додам ман.
…Дидани Хоруғ орзуи деринаи ман буд. Ман чанд маротиба то Дарвоз ва ду маротиба то Рӯшон сафар карда, қалби Бадахшон – Хоруғро надида будам. Охир Бадахшон – Боми ҷаҳон муъҷизаест, ки дар қалби ҳар сангаш асроре нуҳуфта аст ва ҳамеша инсонро ҷониби худ ҷазб мекунад…
Билохира санаи 26-ум фаро расиду мо як гӯрӯҳи 11 нафараи журналистон ба роҳ баромадем. Душанбеву Ваҳдат, Файзободу Норак, Данғараву Восеъ, Кӯлобу Шӯрообод пушти сар мешуданду мо ба дарвозаи Бадахшон – Дарвоз расидем…
Дарвоз – дарвозаи Бадахшон
Маънои вожаи «Дарвоз» ҳамон дари воз ё кушода аст ва воқеан, Дарвоз дарвозаи Бадахшон мебошад. Ин шаҳраки аҷиб, ки ҳоло аз як кӯчаи дар оғӯши кӯҳҳои сарбафалаккашида иборат аст, таърихи дурудароз дорад. Дарвози таърихӣ қаблан дар ду канори рӯди Панҷ ҷойгир буд ва имрӯз қисмати бештари он вулусволии Афғонистони ҳамсоя аст…
Ин шаҳраки кӯчакро имрӯз хонаҳои боҳашамат, мактабу табобатхонаи муосир, супермаркети замонавӣ ва сохтмонҳои азим монанди гуларӯсе кардааст, ки ҳамарӯза даҳҳо сайёҳи хориҷӣ ба тамошояш меоянд. Бинои «Маркази модар», ки дар ин шаҳрак қомат афрохтааст, ба шаҳр шукӯҳи нав мебахшад. Шароити меҳмонхонаҳояш ҳам бад нест…
Вақте кас аз Дарвоз убур мекунад, баъзе деҳаҳои вулусволии Дарвози Афғонистон ба чашм менамоянд. Фарқ аз куҷо то ба куҷо: дар ҷониби мо мошинҳои замонавӣ ҳаракат мекунанд, мардум шоду масруранд, аммо дар ҷониби Афғонистон аҳён-аҳён харсавор ё мототсиклсавор ба чашм мехӯранд. Албатта, боиси хурсандист, ки кишвари мо рушд мекунад, аммо афсӯс, ки ҳамватану ҳамзабонони мо – афғонистониён аз ин неъматҳо бебаҳраанд… гум бод номи ҷанг…
Дар ин фикру хаёл будам, ки яке аз ҳамроҳонамон риштаи андешаамро канд:
-Роҳҳои моро бинед, чӣ хел роҳат. Бечора афғонҳо чӣ қадар азоб доранд, — гуфт ӯ ва ман маҷбур шудам, ки қиссаи «Гулдара»-ро, ки зимни сафари қаблиам аз Мунавваршо ном мӯйсафед, фаҳмида будам, нақл намоям…
Чӣ тавр Девдара ба Гулдара табдил ёфт?
Мӯйсафеди нуронӣ Мунавваршо зимни сафари қаблии банда ба Дарвоз гуфта буд:
«Шукр кунед, бачем, аз роҳҳои нав шукр кунед. Охир роҳ аз ҳама чизи муҳим, рагҳои хунгарди мамлакат аст…» — ва ӯ қиссаи ба Гулдара табдил ёфтани Девдараро бароямон нақл кард.
Соли 1993 Раиси Шӯрои Олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сохтмони роҳи Шоҳон — Зиғарро ба миён мегузорад, аммо ҳамагон ангушти ҳайрат мегазанд, зеро ин лоиҳаро ҳатто Давлати Шӯравӣ дар 70 сол амалӣ карда натавонист. Аммо бо вуҷуди ин ҳукумати кишвар барои сохтмони ин роҳ 52 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидаву корҳо оғоз мешавад…
Он замон вазъи кишвар ноором буд: аз як тараф садои зоғнулу бел мебаромад, то фарҳодвор синаи кӯҳ шикофта, кишварро ба ҳам орад, аз ҷониби дигар садои тир танин меандохт, ки кишварро тиккаву пора кунад…
Бо вуҷуди камбудии маблағ дере нагузашта, сохтмони роҳи 68-километраи Оби Ниёб-Зиғар, ки Кӯлобро ба Хоруғ мепайваст, оғоз шуд…
Феврали соли 1999 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳи Шоҳон-Зиғарро ба истифода дод ва ҳамин тавр Девдара ба Гулдара бадал шуд… Ҳоло ҳукумати кишвар аллакай барномаи сохтмони ин шоҳроҳро аз Дарвоз то ба Хоруғу Қулма коркард кардааст ва фикр мекунам, ки имшабу рӯз сохтмони он оғоз шуда, мардум аз ин бунбаст наҷот меёбанд…
Хоруғ – нигини Бадахшон
Хоруғ, дарвоқеъ, нигини Боми Ҷаҳон аст. Ин шаҳри кӯчак, ки маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр дар оғӯши кӯҳҳои сарбаафлок воқеъ аст.
Хоруғ рӯз то рӯз рушд мекунад, биноҳои нав ба нав шаҳрро шукӯҳ мебахшанд. Меҳмонхонаҳои замонавии ин шаҳрро дида, кас дар шигифт мемонад. Мисол, меҳмонхонаи «Сарез», ки дар дили кӯҳ сохта шуда, як тараф девораш шахи табиист, дар кишвар назир надорад.
Хушбахтона, Хоруғ имрӯз тамоми имкониятро барои қабули меҳмонони хориҷӣ дорад. Кӯчаҳои ин шаҳрро кас қадам зада, гумон намекунад, ки дар кӯҳистон аст, ҳама пероставу зебо ва пур аз меҳмони англисзабон… бештари хоруғиён имрӯз бо англисӣ балад ҳастанд, ҳатто кӯдакони 3-4 сола.
Here Tajikistan
Дар бораи инсондӯстӣ ва меҳмоннавозии хоруғиён метавон соатҳо ҳарф зад. Фақат як саҳнаи ҷолибро мисол меорам. Ҳанӯз фестивали «Боми Ҷаҳон» оғоз нашуда, боғи марказии шаҳр пур аз меҳмон буд. Сарояндагон барои ҳунарнамоӣ омодагӣ медиданду косибон дастмузди худро ба маърази тамошо гузошта буданд. Боғ пур аз хориҷиён буд. Ин дам хориҷизани калонсоле ба зани бадахшӣ наздик шуд ва муҳраи ӯро тамошо карда, ба ваҷд меомад.
Билохира тоқат накарда, бо ишора иҷозат пурсид ва муҳраро ламс карда, бо мароқ тамошо мекард. Чун зани бадахшӣ иштиёқи ин бонуро дид, муҳраро аз гарданаш бароварда, ба гардани пиразан андохт ва бо табассуму ишора гуфт:
-Beautiful (хуб аст)…
Пиразан ҳам бо муҳра тоб хӯрд ва онро аз чанд тараф тамошо карда, ба зани бадахшӣ бозгардониданӣ шуд. Аммо он зан гуфт:
-Gift (туҳфа).
Пиразан дар ҳайрат монду чӣ гуфтанашро намедонист. Чун ӯ дарк кард, ки зани тоҷик ҷуз калимаҳои ҷудогона забони ӯро намедонад, вай ҳам дар пайравӣ дар шигифт пурсид:
-As? (чӣ тавр?)
Зани атласпӯш ва тоқибасари тоҷик каме фикр кард, гӯё калима ҷамъ оварда гуфт:
— Here Tajikistan! (Ин ҷо Тоҷикистон).
Пиразани англис, ки Ҷозефина ном доштааст, аз ин гуна муносибат ба риққат омад ва бо ашкҳои шашқатор тоҷикзанро оғӯш карда мебӯсид… Ин ашкҳо ашки шодмонӣ ва таҳайюр буданд…
Этнофестивали «Боми Ҷаҳон»
Фестивали этникии «Боми Ҷаҳон» соли даҳум аст, ки дар Хоруғ баргузор мегардад. «Боми Ҷаҳон» василаест, барои шинохти урфу одат ва анъанаҳои нодири санъати тоҷик, ки дар Бадахшон ҳазорсолаҳост нигоҳ дошта мешавад.
Суруди мусиқӣ, рақсу ҳунармандӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар доираи ҷашнвораи «Боми Ҷаҳон» ба ҳам меоянд ва симфонияи суннатҳои қадимии тоҷиконро ба вуҷуд меоранд. Имсол формати ин фестивал каме тағйир ёфта, он хусусияти байналмилалӣ гирифт, дар он ҳунармандон аз ИМА, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат ва ҳунарнамоӣ карданд.
Фестивали «Боми Ҷаҳон»-ро соли дувум аст, ки ширкати «Тсеll» маблағгузорӣ мекунад.
Наврас Хосабеков, роҳбари ширкати «Тсеll» дар Бадахшон: «Мо ба он лоиҳаҳое маблағгузорӣ мекунем, ки онҳо барои мардуми кишвар муҳим бошанд. «Боми Ҷаҳон» аз шумули чунин, лоиҳаҳост, ки соли дувум аст мо барои баргузории он кумак мекунем. Охир ин, гапи одӣ не, ин тарғиби суннатҳои аҷдодонамон ва пайванди мусиқии ҳама замонҳост…».
Кевин Коверт, кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро он рӯз шинохта намешуд, ӯ бо либосҳои озод ва тоқии бадахшӣ миёни мардум мегашт. Аз ӯ мепурсам:
-Оғои Коверт, чӣ ҳол доред?
-Хеле олӣ, охир ин ҷо Бадахшон аст…, — дар ҳаяҷон мегӯяд ӯ.
-Дар бораи фестивал назаратонро мехостам бифаҳмам.
-Чӣ ҳам гӯям, худатон шоҳид ҳастед, ки ин чӣ қадар идеяи ҷолиб аст. Соли дуввум аст, ки мо дар баргузории он саҳм мегирем ва имсол як дастаи ҳунариро низ аз Амрико даъват кардем. Мусиқӣ сулҳ аст, мусиқӣ дунёи дигар аст… Ҳа, он ҷавонҳо Ҷонни ва Тедди ҳастанд, ҳунармандони амрикоӣ, бо онҳо суҳбат кунед, ки бори аввал дар Тоҷикистонанд.
Ҷонни ва Тедди, ҳунармандони гурӯҳи «Filigar» аз Чикагои ИМА: «Мо аслан рок-н-рол менавозем, аммо хусусияти мусиқии амрикоӣ фюжн (омехтагии чанд мусиқӣ)-ро талаб мекунад, бинобар ин мо мусиқии ҷаҳонро меомӯзем. Барои мо мусиқии тоҷикӣ ҷолиб аст, махсусан садои дутор. Агар имкон шавад, мо кӯшиш мекунем, ки аз кишвари шумо дутор барем… Кишвари шумо ба мо писанд, омад. Мардуми самимӣ, меҳмоннавозӣ ва табиати нотакрор…».
Стерликов Денис, раққоси ансамбли «Согдиана»-и Ӯзбекистон: «Идеяи фестивали шумо ба ман писанд омад, зеро беназир аст. Ман аслан дар жанри модерн-денс мерақсам ва дар Тоҷикистон бори аввал қарор дорам, аммо таассуротам хеле аҷиб. Ташаккур ба шумо, зинда бод санъат, ки дӯстиро таҷаллӣ мекунад…».
Воқеан, фестивали «Боми Ҷаҳон» даҳҳо сифат дорад, ки барои гуфтани он сафҳаҳо кифоя нест, аммо дар ин фестивал барои банда ансамбли «Холбӣ» кашфиёти нав буд…
Ансамбли «Холбӣ»
Фестивали «Боми Ҷаҳон» бо ҳунарнамоии занони дафзани бадахшӣ оғоз шуд. Занони доирадасти бадахшӣ бо маҳорати том даф мезаданд. Ман аслан, фикр мекунам, ки доираи бадахшӣ ва тарзи иҷрои он ба шаманҳо монандӣ дорад. Шаманҳо тариқи доира рӯҳи табиатро ситоиш мекунанд ва оромиш мебахшанд. Доираи бадахшӣ низ чунин аст, он инсонро ба шӯр меорад, такон медиҳад ва дар баробари ин оромиш мебахшад.
Пас аз он ки занони доиразан ҳунарнамоишашонро ба охир расониданд, наздашон рафта, сарварашонро пурсидам. Зани миёнсоли чолок наздам омад:
-Ансамбли шумо чӣ ном дорад?
-Ансамбли Холбӣ…
-Ансамбл кай ташкил шуд?
-Соли 2005, як гурӯҳ занҳои хонашин ва дугонаҳову ҳамсояҳоро ҷамъ карда, ин ансамблро сохтем. Мо дар маҳаллаи Носири Хусрави Хоруғ хонаи бадахшӣ дорем… Ҳоло дар чорабиниҳо, фестивалҳо ва тӯю маъракаҳо моро ҷалб мекунанд…
-Яъне шумо маълумоти мусиқӣ надоред?
-Не, масалан, ман дар театр костюмер ҳастам, занони дигар ҳаркора… нафақахӯр…
-Худатонро муаррифӣ накардед…
-Ман Шогунбекова Марям!
-Пас чаро ансамбл «Холбӣ» ном дорад?
-Барои он ки апаи Холбӣ калонтарин нафари ансамбли мо.
-Он кас инҷоянд?
-Бале, — ва апаи Холбиро даъват мекунад.
Пиразани нуронӣ, ки Холбӣ Аминбекова ном дорад, солор қадам мезанад ва ба мо наздик мешавад:
-Чандсола ҳастед? – суол мекунам аз эшон.
-80.
-Магар душвор нест… охир доираи бадахшӣ вазнин, душвор…
-Албатта вазнин, аммо маро маҷбур мекунанд, ки ҳамроҳашон равам, ман ҳам меравам… Ҳоло дасту поям кор мекунад, меравам…
-Шумо то нафақа ба чӣ кор машғул будед?
-Фаррош…
Ҳавсала ва дили ҷавони ин занонро дида одам қоил мешавад… Не?
Узум ту живч, эй Помир
Асри XXI – асри Бадахшон! Ин ҷумла беҳуда дар сарам чарх намезанад. Воқеан, қарни нави сайёҳии Тоҷикистон ва рушди Тоҷикистон Бадахшон аст…
Бадахшон имрӯз ва баъд ҳам оинаи Тоҷикистон хоҳад буд.
Дар фароварди ин нигошта мехоҳам ду камбудии дар Бадахшон ҷойдоштаро ҳам бигӯям, ки бояд ҳар чӣ зудтар бартараф шаванд.
- Дар Бадахшон, ҳатто дар Хоруғ хоҷатхонаи ба талабот ҷавобгӯ нест, ки ин ба сайёҳон мушкилӣ пеш меорад.
- Ба ҷуз Дарвоз, дар дигар ҷойи Бадахшон ошхонаву тарабхонаҳо хӯроки нағз надоранд, ки ин камбудӣ низ бояд бартараф шавад…
Сафари ман ба Бадахшон ниҳоят ҷолиб буд, ки барои ин аз «Тсеll» сипосгузорам, зеро дар ин сафар бори аввал ширчой хӯрдам. Воқеан, дар Бадахшон «Ширчойхона» нест, ки ин бад аст. Бояд дар Хоруғ махсус ширчойхонаҳо бошад, ки ба меҳмонон ва мардум ин таоми лазизро пешкаш кунад…
Хайр Хоруғ, то боздид. Узум ту живч, эй Помир
Одили Нозир,
Душанбе-Хоруғ-Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ