Асрори худкушии ҷавонзани 23-солаи ҳомиладор дар Бохтар

-Алло, салом! Апаи Маҳина шумоед?

-Салом! Бале, ман Маҳинаи Давлат. Ягон савол доред?

-Апаҷон, як хешамон дар Колхозобод худашро ба дор овехта кушт. Сабаби худкушиашро ҳар кас ҳар хел маънидод мекунад. Барои ҳамин ба шумо занг зада истодаам, ки сабаби даст ба чунин амали носавоб задани хеши ғуррамарги моро муайян намоед. Шаҳноза як фарзанд дошт ва боз панҷ-шашмоҳа ҳомиладор буд. Ҷавонзане, ки имрӯзу пагоҳ соҳиби ду фарзанд мешавад, бе ягон сабаб худкушӣ намекунад… Ҳамин занги телефонии пуризтироб моро ба он водор намуд, ки ба ноҳияи Колхозобод азми сафар намоем. Вақте ба мошинҳои ба самти совхози Санэпидемстансия равон савор шудем, зани тақрибан 50-55- солае низ ба таксии мо нишаст ва аз нӯги по то фарқи сари маро синчакорона аз назар гузаронида истода, аз ронанда пурсид:

-Меҳмон ба куҷо меравад?

-Ба хонаи ҳамон духтаре, ки худашро овехта кушта буд,-ҷавоб дод ронанда.

Зан рӯ ҷониби ман гардонд ва сар ҷунбонда гуфт:

-Аҷаб духтари олуфтаву чаққон буд Шаҳноза, ҳаққу ҳамсояҳо ҳамеша ҳасуди ӯро мехӯрданд. Аз уҳдаи тамоми кору бори хона мебаромад. Овоза кардаанд, ки гӯё Шаҳноза касали руҳӣ дошт, девона буд, вале шахсан ман ба ин гап бовар намекунам. Ба девона ягон зарра монандӣ надошт Шаҳнозаи мо, духтараки боақли хушмуомилаю меҳрубон буд. Девонакасал мебуд, магар шавҳараш бо вай се сол зиндагӣ мекард?! Хоҳарҷон, хонаашон ҳо ана ҳамон аст, беҳтараш рафта ҳамаашро аз модараш пурсед, лекин дар бораи ман нагӯед.

Холаи Райҳон (бо хоҳиши зан номашро иваз кардем) таъкид намуд, ки номашро дар мақола набиёрем, вале шубҳаашро ҳатман нависем, чунки натанҳо вай, балки ҳамаи касоне, ки Шаҳнозаро аз наздик мешинохтанд, ба девонаю васвосӣ будани ӯ боварӣ надоранд.

Месӯзаму месӯзам…

Хушбахтона модари Шаҳнозаро дар хонааш пайдо кардем. Холаи Раъно “дилу ҷигарам барои духтарам месӯзад” гӯён, зор-зор нола мекард. Аз редаксия будани моро шунида, ин модари аламзада базӯр худро ба даст гирифт ва оҳи сард аз дили пурдард кашида гуфт:

-Худованд ин санҷиши сахтро ба мо лоиқ дида будааст, чӣ илоҷ?! Шукронаи фарзандҳои боқимондаамро мекунам.

Вақте дар боби овозаҳо дар бораи худкушии Шаҳноза гап кушодем, модар лаб газида, пичиррос зад:

-Дигар барои ман аҳамият надорад, ки мардум чӣ мегӯянд, чунки аллакай фарзандамро аз даст додам, ҳамаро такорӯ кунам ҳам, Шаҳнозаи ман дигар зинда намешавад.

Пурсидем, ки Шаҳноза кай ба шавҳар баромад ва дар хонаи хушдоманаш чӣ рӯзгор дошт. Холаи Раъно лаҳзае андеша намуда, чунин қисса кард:

Шаҳноза нав ба 23 солагӣ қадам монда буд. Мо ӯро дар 20 солагиаш, соли 2013 ба шавҳар дода будем. Шавҳараш қатори дигар ҷавонмардони тоҷик дар Русия мардикорӣ мекунад. Шаҳнозаи ман духтари хабаркаш набуд, ҳеҷ гоҳ касеро ганда намекард, сирру асрори оилаи шавҳарашро ба ягон кас намегуфт, барои ҳамин дар бораи зиндагии духтарам дар хонаи хушдоманаш чизе гуфта наметавонам.

-Шаҳноза чанд фарзанд дошт?

-Як писарча доштанду духтарам боз ҳомиладор буд. Дар батнаш кӯдаки шашмоҳа дошт.

-Пеш аз ин ҳодиса духтаратон ба шумо занг зада буд?

-Бале, занг зада гуфт, ки очаҷон омада маро ба хонаамон баред. Гуфтам, ки мебиёрам, ба шарте, ки ба хурсандӣ биёӣ ва таъкид намудам, ки албатта розигии хушдоманашро бигирад. Духтарам ба наздикӣ бояд фарзанди дуюмашро таваллуд мекард ва ман мисли тамоми модарон намехостам, ки байни ӯ ва оилаи шавҳараш дилсардӣ ба вуҷуд ояд, барои ҳамин доим мегуфтам, ки фақат бо иҷозати шавҳару хушдоманаш ба хона биёяд, агар онҳо нахоҳанд, қадамашро ба остонаи мо нагузорад. Бисёр духтарҳо маҳз аз рӯйи тез-тез ба хонаи очаашон рафтан хонавайрон мешаванд. Ман намехостам Шаҳнозаи ман низ ҳамтақдири онҳо гардад, барои ҳамин мудом духтарамро насиҳат мекардам, ки ба хотири дидори мо шуда, зиндагии ороматро ноором нагардон…

-Муносибати Шаҳноза бо модарӯяш чӣ гуна буд? Байнашон ягон бор ҷангу ҷанҷол мешуд?

-Шаҳнозаи ман аз он духтарҳои ҷангара набуд. Ҳеҷ гоҳ бо одами калон лаб ба даҳон намешуд. Хислату хӯйи ӯро ҳамсояҳоямон ба хубӣ медонанд, бовар накунед, ҳозир ҳамаашонро даъват мекунам, аз забони худашон шунавед, ки Шаҳноза чӣ хел духтар буд. Ҳамеша ду даст пеши бар ба хурду калон хизмат мекард. Даҳонаш мудом пури ханда буд. Худоё, ҳанӯз боварам намеояд, ки ҳамин хел духтари зиндадил худкушӣ карда бошад…

гон дард дошт? Ягон бор шикоят карда буд, ки ягон аъзои баданаш дард мекунад?

Донистан мехоҳед, ки касалии руҳӣ дошт ё не? Шукри Худо ман шаш фарзанд дорам. Дар кӯдакиашон баъзан грипп ё гулӯдард мешуданд, дигар ягон бемории ҷиддӣ надоранд. Шаҳноза касалии асаб надошт. Одамоне, ки ба чунин касалиҳо гирифторанд, онҳоро тез-тез припатка мегирад. Аз ҳуш мераванд ва аз даҳонашон кафкоба мерезад. Духтари ман ягон бор на аз ҳуш рафтааст, на припатка дошт ва на аз даҳонаш кафк мерехт. Шаҳноза агар девона мешуд, магар шавҳараш ӯро се сол зан мекард? Ин овозаҳо дурӯғи маҳз ҳастанд…

-Мегӯянд, ки Шаҳноза тез-тез ба хонаатон омада чанд рӯз меистод. Қаҳр карда меомад ё бо иҷозати шавҳараш?

-Шавҳарам нест, зиқ мешавам мегуфт, барои ҳамин бо иҷозати хушдоманаш ба хонаамон омада, ду-се рӯз меистоду боз ба хонаи худаш бар мегашт.

-Рӯзе, ки ин ҳодисаи нохуш рӯй дод, духтаратон ба шумо занг зада буд ё не?

-Як рӯз пеш аз ин ҳодисаи даҳшатнок писарам зодрӯз дошт. Шаҳноза телефон карда гуфт, ки хушдоманам кор доштааст, иҷозат надод, ки ба хонаамон равам. Гуфтам, агар намонда бошад, набиё духтарҷон. Суханҳоямро оромона гӯш карду гуфт, ки дар зодрӯзи худатон албатта меоям очаҷон ва телефонро хомӯш кард. Саҳари рӯзи дигар боз занг зада гуфт, ки оча, хушдоманам мегӯяд, ки хонатон меравӣ ё намеравӣ. Азбаски ҳамон шабу рӯз апаам дар беморхона дар дами марг буд, ҳамаамон дар болои сари вай  будем. Ба Шаҳноза касали вазнин будани холаашро нагуфтем, чунки вай ҳомиладор буд, тарсидем, ки аз тарс бачаашро напартояд. Ба хушдоманаш гуфтам, ки Шаҳнозаро дар таксӣ шинонда ба хонаи мо фиристед, пулашро худам медиҳам, вале… Ним соат пас занг зада гуфтанд, ки биёед, духтаратон худашро ба дор овехта куштааст. Ин гапро шунида хаёл кардам, ки ҷон аз дасту пойҳоям баромад.

-Вақте ки ба хонаи домод расидед, духтаратонро дар чӣ ҳол дарёфтед?

-Вақте ба хонаашон расидем, Шаҳнозаро аз банд халос карда дар замин  хобонда буданд. Илтиҷо намудам, ки ӯро ба касалхона баранд, шояд ягон сӯзандору мегузаронанд ё нафаси сунъӣ медиҳанд, вале духтури маҳаллиашон гуфт, ки ин духтар ду соат пеш мурдааст. Ҳайрон шудам, чунки аз суҳбати мо ним соат ҳам нагузашта буд.  Хулоса,  намонданд, ки духтарамро ба беморхона барем ё ақаллан ба хонаи худамон биёрем. Ҷасади Шаҳнозаро дар ҳамон деҳаи шавҳараш ба хок супурданд.

Ташхиси судӣ чӣ гуфт?

-Аз суд-экспертиза одам омад. Пурсидам, ки духтарамро чок мекунед? Гуфт, ки бале, чунки бе ин кор мо ягон чизро аниқ карда наметавонем. Зориву тавалло кардам, ки додарҷон, дар хоки поятон мурам, духтарам ҳомиладор намебуд, иҷозат медодам, вале хотири ҳамон тифли шикамаш ин корро накунед. Ҳарчи шуд, ҳамаашро аз тақдиру насибам мебинам, илтимос, Шаҳнозаи маро чок накунед. Мурдаи духтарамро озор надиҳед, монед ӯро ба хок супорем.

-Магар ба шумо нагуфтанд, ки бе хулосаи экспертиза чизеро исбот карда намешавад?

-Огоҳ карданд, ки баъд пушаймон мешавед, вале дигар суд надорад,  вале иҷозат надодам. Акси духтарамро гирифтанду дар бораи зиндагиаш чанд савол доданд. Гуфтам, ки духтарам хабаркаш набуд, намедонам дар хонаи шавҳараш чи рӯзу рӯзгор дошт.

-Сабаби марги духтаратонро чӣ тавр шарҳ медиҳанд? Чаро Шаҳноза худашро ба дор овехта куштааст?

-Прокурор аз ман пурсид, ки ба фикри шумо барои чӣ духтаратон ин корро кардааст, гуфтам, ки беҳтараш ин саволро ба хушдоман ва зани ҳевараш диҳед, чунки Шаҳнозаи ман дар хонаи шавҳараш худкушӣ кардааст. Прокурор дар ҷавоб гуфт, ки ҳамсояҳо ва хушдоману зани ҳевараш бо як овоз мегӯянд, ки ягон гап нашудааст ва онҳо намедонанд, ки барои чӣ Шаҳноза худашро ба дор овехтааст.

-Худатон аз онҳо напурсидед, ки чӣ ҳодиса рӯй дод, охир ҳамагӣ як ё ним соат пеш аз ҳодиса шумо бо фарзандатон тариқи телефон суҳбат карда будед ё Шаҳноза сиҳату саломат буд?!

-Ман дигар поямро ба он хона намемонам ва бо онҳо суҳбат кардан ҳам намехоҳам, вале барои фарзандаш судкашӣ мекунам, чунки ягона чизе, ки аз Шаҳнозаи ғуррамарг монд, ҳамин писаракаш аст. Набераамро ба онҳо намедиҳам. Мегӯянд, ки кӯдак бояд бо падараш монад, вале ман ба ин андеша розӣ нестам. Шавҳари Шаҳноза хоҳ-нохоҳ зан мегирад. Ягон моиндар ҷойи модарро гирифта наметавонад. Намехоҳам ягона ёдгории духтари ҷавонмаргам пеши пойи моиндар ва амаку янга хору зор шавад. Аз ҳамин хотир мехоҳам ӯро қонунан ба ном ва тарбияи худ бигирам ва то синни 18 –солагӣ нигоҳубин кунам. Ба камол, ки расид, баъд ихтиёраш, назди падараш меравад ё бо мо мемонад, кори худаш! Аллакай ба шуъбаи маорифи ноҳияи Бохтар ҳуҷҷат супоридам. Ваъда доданд, ки ҳамаро даъват мекунему дар муддати даҳ рӯз масъаларо ҳал мекунем, вале аз миён қариб ду моҳ гузашту ҳанӯз корро қафо партофта истодаанд. Чанд бор ба Аҳлиддин (нафаре, ки аризаро қабул кардааст) занг задам, вале телефонаш ҷавоб намедиҳад.

-Дар бадани духтаратон ягон осори зарбу лат ё нишонаи кашмакашро мушоҳида накардед?

-Дар вақти обгирии Шаҳноза ман худам тамоми баданашро аз назар гузарондам. Дар гарданаш паи банди ғафс буд. Ҳамин хел фаҳмидам, ки баъди ҳодиса баданаш кабуд шуда аст. Дар бадан ё дасту пойҳояш ягон захм ё пайи кандагию харошидагӣ набуд. Ҳайронам, ки чаро духтари солим ва бо ақли ман якбора даст ба худкушӣ зада бошад.

 Мунира, апаи марҳум:

Шаҳноза маро тасаллӣ медод, вале…

Вақте духтари 13- солаи ман аз дунё гузашт, хоҳарам маро тасаллӣ дода мегуфт, ки бисёр ғам хӯрда гиряву нола накунед, чунки руҳи мурдаро ноором месозед. Насиҳат мекард, ки беҳтараш намоз хонда дар ҳақаш дуо кунам ва шукронаи писаракамро намоям. Хулоса, коре мекард, ки маро аз банди ғамҳо раҳонад. Тасаввур мекунед, ки Шаҳноза чӣ қадар духтари боандеша ва батамкин буд? Ҳамин хел духтараки боақл ва гул барин хушрӯйро баъди маргаш девона баровардан мехоҳанд. Девона либосҳои ҷанда ва мӯйҳои парешону ақли норасо дорад ва дар поҷомааш тар карда мегардад. Бинед, (ба акс ишора мекунад) тозагию зебоии сару либос ва сару созашро бинед, магар девона худашро ҳамин хел нигоҳубин карда метавонад? Боваратон меояд, ки ҳамин хел духтари олуфта девона бошад?! Не, боварии ҳеҷ кас ба ин гап намеояд. Худкушии хоҳарам ягон сабаби дигар дорад, вале сирру асрореро, ки Шаҳнозаи зебои моро то чӯбаи дор бурд, ба ҷуз аз худаш ва Худованд дигар касе намедонад ё медонанду гуфтан намехоҳанд…

Маҳинаи Давлат,

Душанбе-Бохтар-Душанбе.

Р/С

Ин мавод дар рӯзе омода гашт, ки газета аз чоп мебаромад. Кӯшиш намудем бо кормандони мақомоти тафтишотӣ дар тамос шуда, оиди ин ҳодиса маълумоти бештар бигирем, вале мутаассифона ин кор ба мо даст надод. Идораи ҳафтаномаи “Оила” ин мавзуъро пайгирӣ намуда, дар шумораҳои минбаъда аз натиҷаи кори тафтишот оиди ин  ҳодиса шумо, хонандагони азизро огоҳ хоҳад кард. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *