Асрори хушбахтии Насим Раҷаб ва Сафияи Носир
Номи Насим Раҷаб ва Сафияи Носир ба ҳамаи кӯдакону наврасони кишвар ошност, зеро асарҳои марғуби ин адибон беш аз ним аср аст, ки адабиёти бачагонаи тоҷикро ғанӣ сохта, хонандагони сершумор доранд. Чун феълан дар кишвар ҳафтаи адабиёти бачагона ҷараён дорад, ба аёдати адибон Насим Раҷаб ва Сафияи Носир рафтем.
Сози муҳаббат
Сафияи Носир зодаи Самарқанди бостонист. Баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ соли 1962 ба Душанбе омада, дар маҷаллаи «Машъал» ба кор шуруъ намудааст. Муддатҳои тӯлонӣ дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), «Комсомоли Тоҷикистон», моҳномаҳои «Занони Тоҷикистон» (ҳоло “Фирӯза”) ва «Чашма» фаъолияти босамар дошт.
Ҳикояҳояш аз солҳои 60-ум ба табъ мерасанд. Маҷмӯаҳои «Муъҷизакорони кӯчак», «Мукофоти ишқи пок», «Танӯри осмон», «Минбари Насим», «Гаҳворабандон» ва «Сози муҳаббат» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Муаллифи романҳои «Садди Искандар», «Заркосаи шикаста», қиссаҳои «Зиндашӯю мурдашӯ» ва «Қосиди хиёнатгар» мебошад. Сафияи Носир як умр дар нашрияҳои бачагона фаъолият карда, дунёи кӯдаконро хуб омӯхтааст, бинобар ин, асарҳои ӯ самимӣ, зинда ва хонданӣ ҳастанд.
Зимни суҳбат Сафияи Носир ёди аёми ҷавонӣ карда, ба майдони адабиёт омаданашонро чунин нақл карданд:
— Соли 1962, вақте ки донишҷӯйи курси сеюм будам, аввалин ҳикояи ман дар маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуд. Он ба ман руҳияи аҷиб бахшид. Ҳамин тавр, навиштаҳоямро ба рӯзномаву маҷаллаҳо мефиристодам. Он вақт рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” рубрикаи “Илҳом” дошт, ки дар он эҷоди навқаламон чоп мешуд. Дар ин гӯша чандин навиштаҳои шогирдонаи ман чоп шудаанд. Ҳатто боре дар як саҳифа дар паҳлуи шеъри Лоиқ ҳикояи ман чоп шуда буд… Ҳамин тавр, сарнавишти ман ба матбуот ва адабиёт пайваст ва инак, беш аз 60 сол аст, ки дар ҷодаи адабиёт қадам мезанам.
Сафияи Носир мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ нашрияҳои бачагона хеле фаъол буданд ва барои тарғиби адабиёт хизмат мекарданд.
— Баъди хатми донишгоҳ дар Самарқанд ҳамроҳи шавҳарам ба Душанбе омада, дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ба кор оғоз кардем. Он замон ин нашрия ва маҷаллаи “Машъал” бо теъдоди хеле зиёд нашр шуда, дар саросари кишвар паҳн мегардиданд. Ҳамаи кӯдакону наврасон ин нашрияҳоро бо завқ мутолиа мекарданд. Идораҳои ин нашрияҳо мактаби эҷодӣ буданд. Гулрухсор, Латофат Кенҷаева, Насим Раҷаб, Низом Қосим, Мавҷуда Ҳакимова, Нозирҷон Боҳирӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, банда ва дигар адибони номвар аз ин даргоҳ сабзидаанд,- мегӯяд Сафияи Носир.
55 сол дар як идора
Нависанда Насим Раҷаб низ зодаи Самарқанди бостонист. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо ҳамсараш Сафияи Носир озими Душанбе шуда, дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳозира «Анбоз») ба кор пардохт ва 55 сол дар ҳамин даргоҳ содиқона хизмат кард. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки “дар дафтарчаи меҳнатии ман фақат як ҷойи кор сабт шудааст”.
Нахустин қиссаи ӯ — «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш — «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муждае, ки интизораш набуд», «Ишқи духтари яҳудӣ» ва монанди инҳоро бачагону наврасони кишвар хуш пазируфтаанд.
Насим Раҷаб яке аз фидоиёни адабиёти бачагонаи тоҷик аст. Номбурда пайвандашро бо нависанда Сафияи Носир муваффақияти ҳаёташ медонад: “Оилаи мо оилаи зиёӣ аст. Ману ҳамсарам ҳарду эҷодкорем. Вақти барои ҳар як майда-чӯйда ҷангу ҷанҷол кардану ба ғайбату бадгӯии дигарон машғул шудан надорем. Зиндагӣ кардан бо зани босавод аҷибу гуворо аст. Инро ман дар мисоли ҳаёти шахсии худам мегӯям. Хонаи мо як маҳфили хурди адабиро мемонад. Ману ҳамсарам шеърҳои шоиронро, ки мушикифона эҷод шудааст, хонда, байни худ муҳокима мекунем”,- мегӯяд устод Насим Раҷаб.
Давлати пирӣ
Ҳоло ин оилаи эҷодкор дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд. “Се фарзанд — Зарифҷон, Орифҷон ва Мунисахон, 9 набера ва 6 абера дорем. Зиндагӣ дар паҳлуи наберагону аберагон ба мо руҳияи эҷодӣ мебахшад. Бинобар ин, ҳоло ҳам эҷод мекунем”,- мегӯяд Насим Раҷаб.
“Барои бачаҳо навиштан масъулияти бештар дорад. Асари бачагона бояд тарбиявӣ ва шавқовар бошад. Илова бар ин, бояд дунёи рангини кӯдакону наврасон дар он инъикос шуда, барои рангин кардани ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон мусоидат намояд. Беҳуда Максим Горкий нагуфтааст, ки барои бачаҳо ҳам мисли калонсолон асар навиштан лозим, фақат каме беҳтар…”,- мегӯяд Сафияи Носир.
Сафияи Носир феълан китоби навашро ба чоп омода мекунад, ки дар он романи “Заркосаи лабшикаста” ва ҳикояҳои наваш дохил шудаанд. Дар ин кор Насим Раҷаб маслиҳатгару кумакрасонаш аст.
Уғулой ҚУТБИДДИНЗОДА, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ