Асрори марг ва ишқи пинҳонии Муқаддас Набиева

Эй ҷони ман, Эй ҷони ман,

Қурбони ман, Султони ман,

Эй нури ман, Эй нури нури нури ман…

…Вақте ин суруд садо медиҳад, дунё дар назари шунаванда равшантар гашта, қалбҳо пур аз фараҳ мешаванд ва руҳияи инсон болида гашта, беихтиёр сарояндаи он, ситораи дурахшони санъат Муқаддас Набиева ба ёд меояд. Муқаддасе, ки санъати эстрадаи тоҷикро ба таври куллӣ, чӣ дар тарзи иҷроиш, чӣ дар пӯшидани либос, чӣ дар пластика, чӣ дар ороиш ба таври куллӣ тағйир дод. Муқаддасе, ки ҳамагӣ 29-сол умр дид. Муқаддасе, ки чун хуршеди оламтоб як дурахшиду ғуруб кард, аммо гармиаш то ҳанӯз эҳсос мешавад…

Варзишгаре, ки дар санъат инқилоб кард

Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст, вале тарбиятгирифтаи мактаб-интернати рақами 10-и шаҳри Душанбе мебошад. Азбаски аз ҷавонӣ духтараки чолок ва ҷасуру серғайрат буд, ӯро тез-тез ба чорабиниҳои варзишӣ ҷалб мекарданд. Пас аз хатми мактаб-интернат вай ба Институти тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда, соли 1972 онро хатм намуд ва дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер ба кор шурӯъ кард, аммо шавқу завқи сарояндагӣ ҳамоно қалбашро ором намегузошт. Ҳамин буд, ки Муқаддас дар баробари тренерӣ бо дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои мухталиф ширкат меварзид. Истеъдоди Худодод ва садои гуворою дилнишинаш, ки дар илми мусиқӣ онро сопранои лирикӣ мегӯянд, ба зудӣ ин духтараки резапайкарро шуҳратёр сохт ва овозаи Муқаддас аз Фархор то ба Душанбе расид…


Бозёфт аз «Бӯстон»

Соли 1973 нахустин озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон-1” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро иҷро кард. (Он замон аллакай хоҳари калонии Муқаддас Сабоҳат Қосимова ҳаёти худро бо Фаррух Қосимов пайваста, ҳар ду дар санъати тоҷик шуҳратёр шуда буданд.) Роҳбарияти ансамбли эстрадии «Гулшан», ки сарвараш Орифшо Орифов буд, истеъдоди волои ин духтараки ҷавонро дида, ӯро ба ҳайси яккахон ба кор қабул намуданд.


Шуҳрат дар «Гулшан»

Муқаддас Набиева соли 1974 ба «Гулшан» пайваста, дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл инқилоб кард. Муқаддас дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд. «Кӯи ту» (шеъри Авҳадии Мароғаӣ), «Хуршеди ҳаёт» (ғазали Ҳилолӣ), «Нури ман» (ғазали Мавлонои Румӣ) «Шарораи хотираҳо» (халқӣ), «Боди сабо» (Зебунисо), «Садои дил» (Аъзам Сидқӣ), «Ба ишқат интизорам» (Гулрухсор), «Дили зорам»  (халқӣ), «Муҳаббат нест бе оташ» (Сайдалӣ Маъмур) ва даҳҳо таронаҳои дигари Муқаддас, ки теъдоди умумиашон ба 50 мерасад, то имрӯз куҳна нашуда, маҳбубият доранд.

Муқаддас Набиева дар баробари таронаҳои тоҷикӣ ҳамчунин бо забонҳои русӣ (суруди «Надежда), арманӣ («Суруди ман»), туркӣ, қирғизӣ суруд хонда, дар саросари кишвари паҳновари Шӯравӣ шуҳратёр шуд. Дар ҳайати «Гулшан» Муқаддас соли 1975 ба Фаронса, соли 1977 ба Полшаю Эстония ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ намуда, нисфи ҷаҳонро қоил кард, вале…

Қиссаи тӯб ва дастҳои шинос

Суруди «Ситораи ман» ба Муқаддас шуҳрати зиёде овард ва кор ба ҷое расид, ки ҳатто Мирзо Турсунзода ӯро падарвор «Ситораи ман»  мегуфт. Аҳмад Зоҳир, овозхони маъруфи Шарқ мафтуни садои Муқаддас буд ва орзу дошт, ки ба Тоҷикистон омада, бо ӯ мулоқот намояд.

Суоле сар мезанад, ки оё зиндагии Муқаддас амсоли ҳаёти эҷодиаш ситораборон буд? Магар Муқаддас «Дар фазои ситоразори само» хушбахт буд?

Шоира Латофат Кенҷаева, ки аз соли 1975 дар як хона бо Муқаддас мезист ва дугонаи наздики ӯ буд, мегӯяд:

«Муқаддас аз шавҳари аввалааш ҷудо шуда буд. Вай як писар дошт – Далер, ки дар тарбияи модараш дар Фархор буд. Ӯ писарашро зиёд дӯст медошт ва тез-тез ӯро хабар гирифта меистод. Солҳои охири умраш Муқаддас ошиқ шуда буд, ошиқи шайдо. Ошиқи марди оиладор…»

Ишқи бузурги ду ситораи бузург

Баъди солҳо маълум шуд, ки ишқи Муқаддас Набиева Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев будааст.

Дар як суҳбат худи Нурулло Абдуллоев қиссаи шиносоияшро бо Муқаддас чунин нақл кардааст:

«Ман як рӯз аз роҳ мегузаштам, ки як тӯб аз дасти духтараке парида наздам омад. Тӯбро аз замин бардошта ба он сӯйи симхор, ба духтарак дароз кардам. Чандин сол гузашту рӯзе дар театр пас аз иҷрои як нақш хоҳари Сабоҳат Қосимоваи актриса ба ман наздик шуд ва салом карда дастамро фишурду табрик намуд. Баъдан гуфт: «Ман ин дастҳоро мешиносам! Ҳамин тавр, қиссаи ишқи мо оғоз шуд. Ман аллакай соҳиби ҳамсару фарзанд будам, аммо инсон эҳсосашро идора карда наметавонад. Муқаддас чандин маротиба ба хонаи мо омад, вале ҳамсари пуртоқати ман чизе намегуфт ва то ҳол боре дар ин мавзӯъ бо ман ҳарф назадааст…»

Ташнаи дидор

Ишқи Нурулло ва Муқаддас то ҳамон рӯзе давом кард, ки Муқаддас аз дунё рафт. Латофат Кенҷаева, ки хотироти худро дар бораи Муқаддас таҳти унвони «Шарораи хотираҳо» навиштааст, рӯзҳои охири ҳаёти Муқаддасро ба ёд оварда мегӯяд:

«Он замон аллакай ману Муқаддас хонаҳои алоҳидаи худро доштем, аммо дӯстиамон ҳамоно қавӣ буд. Ман дар радиои Тоҷикистон ва ӯ дар ансамбли «Гулшан» кор мекард, ки ҳар ду дар як бино воқеъ буд. Як рӯз Муқаддас аз ман хоҳиш кард, ки барояш чиптаи ҳавопаймо ба самти Маскав пайдо намоям, то ба назди азизи дилаш Нур (Муқаддас Нурулло Абдуллоро чунин ном мебурд – О. Н.), ки дар Маскав буд, биравад. Вақте ки ман чипта пайдо карда, ҷониби коргоҳ омадам, Муқаддас аллакай саросема ҷониби сабукрав мешитофт. Садо кардам. Ӯ аз назди мошин фарёд зад:

-Латоф, ман ҳоли худам хонат меём…

Аммо он сабукрав Муқаддасро ба сафари бе бозгашт бурд… То ҳол «Латоф» гуфта, садо карданаш дар гӯшам садо медиҳад…»

Сафари охирин

Муқаддас он рӯз ҳамроҳи ҳамкоронаш ба вилояти Суғд сафар дошт, аммо дар роҳ мошини онҳо сарозер шуд ва ин сарояндаи шуҳратёри тоҷикро, ки ҳамагӣ 29 сол дошт, аз миён бурд…

Марги беамон ҳунармандеро рабуд, ки дар синни 27-солагӣ унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистонро дарёфт карда, ҳанӯз  дар айни авҷи эҷод буд. Ӯ ҳанӯз мехост парвоз кунад ва ба сомеонаш парвоз бахшад, аммо…

Рӯзе, ки Муқаддасро дар зодгоҳаш Фархор ба хок месупориданд, замину осмон мегирист. Охир Муқаддас дигар нест, Муқаддасе, ки ҳамарӯза мардум овозашро, рақсидану қошпарониҳояшро муштоқона интизорӣ мекашиданд…

Ин буд, мухтасари қиссаи рӯзгори як ситораи дигари «Гулшан» Муқаддас Набиева, ки фоҷеабор анҷомид…

Одили Нозир 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *