Асрори полковник Аслонов…

… Донишҷӯёни соли панҷуми факултаи таъриху филолгияи тоҷики университет бо як шӯру мағал дарси охиринро, ки лексия аз таърихи адабиёт буд ва онро профессор Шарифҷон Ҳусейнзода мегузашт, аз дари аудитория берун шуданд. Чун дар вақти дарси устод пашша ҳам ба пар задан ҳақ надошту вале дар рагҳои донишҷӯён хуни ҷавонӣ дар ҷӯш буд, онҳо мехостанд ҳарчи зудтар мисли кӯдакони мактабӣ ба шӯру мағали ҳамешагии худ идома диҳанд.

Ин дам нафаре аз кормандони шуъбаи кадрҳои донишгоҳ садо кард:

— Аслонов, ба назди мудири шуъбаи кадрҳои университет рав, туро он ҷо даъват кардаанд…

Ғайрат раҳораҳ фикр мекард, ки шуъбаи кадрҳо ба вай чӣ кор дорад? Ё ягон ҳуҷҷаташ нодуруст будаасту ислоҳ кардан мехоҳанд? Бо ҳамин андешаҳо ӯ дари дафтари шуъбаро боз кард ва дар он ба ғайр аз мудир боз мардеро дид, ки аз ваҷоҳаташ меҳмон буданаш аниқ буд. Баробари салом дода даромадани Ғайрат, мудир ӯро бо меҳмон танҳо гузошта, аз кабинет берун шуд ва мард худро шинос кард:

— Қобилҷон Саъдиев, корманди КГБ…

… Пас аз ин, суҳбати онҳо дар мавзуҳои гуногун идома ёфт ва дар охир корманди амният аз Ғайрат пурсид:

— Бо мо кор кардан мехоҳӣ?

Пас аз лаҳзае андеша Ғайрат бо дили пур ҷавоб дод:

— Албатта, агар лоиқ донед…

Ӯ, ки ҷавони донишдору ҳамафаҳм буд, аллакай дар бораи ин сохторе, ки амнияти кишвару давлати шӯравиро кафил буд, бисёр чизҳоро медонист. Дар хотимаи суҳбат Саъдиев аз Ғайрат хоҳиш намуд, ки суҳбати онҳоро махфӣ нигоҳ дорад. Ин аввалин супорише буд, ки корманди ояндаи амният аз ин сохтор гирифт ва ин ҳам нахустин рӯзе буд, ки ба зиндагии донишҷӯи курси охири Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Ғайрат Аслонов тағйироти куллӣ ворид гардид…

… Тӯли хизмати минбаъда, вақте ки ӯ борҳо бо марги яқин рӯ ба рӯ мешуд, ин лаҳзаҳоро пеши чашм оварда, худ ба худ мегуфт: “Супориш супориш аст ва онро ҳатман бояд иҷро кард…”.

Полковник Ғайрат Аслонов дар шаҳри бостонии Истаравшан (Ӯротеппаи собиқ), дар оилаи марде таваллуд шудааст, ки худ дар мудофиаи Ватан саҳмгузор буд. Роҳи падар ба майдони ҷанг соли 1943 оғоз гардида, ӯ на танҳо дар озодии Берлин ширкат намуд, балки танҳо баъд аз торумо   р намудани милитаристони Ҷопон ба Ватан баргашт. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар интихоби роҳи минбаъдаи ҳаёт барои Ғайрати ҷавон нақши падар низ бузург буд…

… Пас аз як соли хатми донишогоҳ ва кор дар КМ ЛКСМ Тоҷикистон (Созмони коммунистии ҷавонон) Аслоновро барои таҳсил ба курсҳои семоҳаи ГРУ даъват намуданд. Дар вақти омӯзиш, ки дар як ҷангали атрофи Маскав баргузор мешуд, ӯро ба назди сардори курс даъват намуданду гуфтанд, ки зуд ба Душанбе баргардад. “Чарояшро дар ҳамон ҷо мефаҳмед…”.

Маълум шуд, ки минбаъд Ғайрат бояд дар мактаби олии КГБ дар шаҳри Минск таҳсил намояд. Ғайрат пас аз ворид шудан ба кабинети Саъдиев, нафаре, ки бори аввал ӯро дар донишгоҳ барои кор ба КГБ даъват намуда буд, бо ҳамкурси ояндаи худ ва дӯсти якумрааш Давлат Мамдризобекови бадахшонӣ (генерал Давлат Мамадризобеков, собиқ муовини роҳбари КДАМ) рӯ ба рӯ шуд, ки ӯро ҳам барои таҳсил ба Минск мефиристоданд. Онҳо пас аз муваффақона супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ донишҷӯи ин мактаби махсус гардиданд. Пас аз хатми донишкадаи мазкур онҳоро ба вилояти Бадахшон ба кор фиристоданд ва фаъолияти меҳнатии худро ин ду корманди ҷавони КГБ аз ҳамон ҷо оғоз карда буданд…

“Бояд иқрор шавам, ман бекориро дӯст намедорам ва махсусан вақте и ҳанӯз ҷавонию хунат дар ҷӯш аст,- мегӯяд полковник Аслонов.- Вақте ки маро аз Хоруғ ба Қалъаи Хумб гузарониданд, ба назарам чунин намуд, ки дар ин ҷо ба ҷуз кор бо архиву коғазбозӣ дигар коре нест. Барои ҳамин, ба номи раиси ҳамонвақтаи КГБ республика М. Милютин ариза навиштам, ки маро ё дар “кори ҳақиқӣ” истифода баред ва ё агар лозим набошам, аз кор ҷавоб диҳед”.

Ин буд, ки пас аз муддате ӯро ба Душанбе даъват карданд ва минбаъд дар баробари кор дар ин ҷо, боз ба ҳайси муовини котиби партиявии шуъбаи 2-юми КГБ ҷумҳурӣ интихоб намуданд.

Таҳсили дубораи Ғайрат Аслонов вақте сурат гирифт, ки соли 1969 КГБ барои омода намудани мутахассисони дорои маълумоти баланди оперативӣ дар ҳудуди душман ва гузаронидани амалиётҳои махсус курсҳои ниҳоят махфӣ (особо секретно) (КУОС) дар Балашихаи Русия боз намуд ва яке аз курсантҳои аввалини он майор Ғайрат Аслонов шуд. Оид ба мавҷудияти ин курсҳо на танҳо шаҳрвандони оддӣ, балки аксари кулли кормандони КГБ низ маълумот надоштанд. Дар инҷо муҳассилин тайёрии махсуси ҷисмонӣ, корҳои тарконандагӣ, тактикаи махсуси ҷангӣ, ҷанг дар шароити куҳистон, ҷаҳидан бо парашют, топография ва тарзи ҷанги партизаниро меомӯхтанд. Барои омӯзиш ба ин курс, тавре мутахассисон мегуфтанд, танҳо онҳоеро равон мекарданд, ки аз ҳолати руҳиашон сар карда, то саломатиашон ҷавобгӯй ба талабот бошанд. Албатта, ҳамаи ин омодагӣ барои ҳолати махсус (час “Х”) буд, ки он ҳам дере нагузашта барои Ғайрат ва ҳамсабақонаш фаро расид…

… Моҳи октябри соли 1979 майор Ғайрат Аслонов ва боз чанд танро аз собиқ ҳамкурсонаш, ки дар курсҳои Балашиха якҷо таҳсил намуда буданд, ба Афғонистон, ки он ҷо инқилоби Савр ба амал омада буд, равон карданд. Танҳо баъди ба Кобул расидан Ғайрат фаҳмид, ки онҳо бояд дар ин ҷо чӣ кор кунанд ва ӯро чун тарҷумон ва мушовиру ҷондор (телохранител)-и роҳбари резидентураи КГБ СССР дар Кобул генерал Борис Иванов таъин карданд. Маълум шуд, ки гурӯҳи навташкили “Зенит” бояд роҳбари онвақтаи Афғонистон Ҳафизулло Аминро бартараф карда, ба ҷои вай Бабрак Кормалро роҳбар монад. Ин супоришро Политбюрои КПСС дода буд, зеро гӯё Амин ҷонибдори амрикоиҳо шуданӣ будааст. “Аммо пас аз барканории Амин мо ягон ҳуҷҷат ва ё далели дигаре наёфтем, ки Амин рӯ ба Амрико оварда бошад…”,- мегӯяд Ғайрат Аслонов. Пас, ин кори Шӯравӣ ҳам мисли он аст, ки Амрико бо баҳонаи доштани яроқи ҳастаӣ ба Ироқ ҳуҷум карда, Саддомро кушту баъдан ягон нишонае аз ин яроқ пайдо накард…

Аслонов ва ҳамяроқонашро пас аз ин амалиёт, моҳи январ аз ҳудуди Афғонистон бароварданд ва ӯ ҳанӯз намедонист, ки ин охирин сафари ӯ ба ин кишвар нест…

Пас аз ним сол, тобистони соли 1980 Ғайратро чун қумандони гурӯҳи тоҷикии “Каскад” — як гурӯҳи навташкили КГБ дар Афғонистон ба ин кишвар равон карданд…

Боре ҳангоми суҳбат аз акаи Ғайрат пурсидам, ки магар ба Афғонистон ворид шудани қувваҳои Шӯравӣ зарурат дошт? Ӯ ҷавоб дод, ки “аксари он кормандоне, ки вазъи Афғонистонро медонистанд, мегуфтанд, ки ин кори хатост. Ҳатто генерал Иванов низ мухолиф буд, вале роҳбарияти ҳизбӣ инро ба назар нагирифт ва оқибат ҷанг дар Афғонистон яке аз сабабҳои пош хӯрдани Шӯравӣ гардид…”.

… Дар тӯли фаъолияти кории худ Ғайрат Аслонов роҳи ҳалли бисёр мушкилот ва саркушода намудани бисёр бумбастҳоро омӯхт. Хиёнатро ҳам диду адолату вафодор будан ба қасами ҳарбиро ҳам. Дӯстони ҷониро ҳам дар вақти мушкил дарёфту душманони оштинопазирро ҳам ба дӯст табдил дода тавонист. Нисбати зиндагиномаи ин марди далер метавон соатҳо суҳбат карду навишт, ки дар ҳаҷми як мақола имкони иҷрои чунин мақсад ғайриимкон аст. Танҳо ҳаминро хотиррасон мекунем, ки полковник Аслонов дар бунёди КДАМ — сохтори бехатарии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ фаъолона ширкат намуда, аз нафақа, ки соли 1988 баромада буд, бо даъвати аввалин раиси КДАМ — Саидамир Зуҳуров ба кор баргашт ва як муддат дар вазифҳои гуногун фаъолият намуда, баъд аз ташкили Мактаби КДАМ, ки маҳз бо ташаббуси ӯ ва роҳбрияти КДАМ  ба фаъолият оғоз намуд, боз ба истироҳат баргашту ҳоло ба маънои томаш давлати пирӣ меронад. Ӯро доим дар ҳалқаи набераю аберагони хушбахташ мебинед, ки ифтихор аз бобои номдори худ мекунанд. Сирри ин хушбхтиро, ки новобаста ба синну солаш, дар чеҳараи ӯ аён аст, аз худаш мепурсам. Ана ҷавоби ӯ:

— Қабл аз ҳама, инсонҳоро бояд дӯст дошт…

… Ин ҷо мо танҳо дар мавриди инсонияти ӯ ва печутоби зиндагии пурмуҳтавояш чанд лаҳзаеро аз ҳаёти разведкачии касбӣ овардем ва мехоҳем, ки мақолаи мазкурро бо суханони дӯсти беҳтаринаш — генерал Давлат Мамадризобеков хотима диҳем: “Полковник Ғайрат Аслонов профессионалест, ки ватанаш ва зиндагиро воқеан ҳам дӯст медорад”…

А. АҲМАДЗОДА,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *