Асрори Роналду табибон онро фош карданд

Табибоне, ки тандурустии футболбози машҳур, бозигари нави «Ювентуса» Криштиану Роналдуро назорат мекунанд, сири тандурустӣ ва омодабошии ҷисмонии ӯро ошкор карданд. Онҳо ба Reuters гуфтанд, ки сирри асосии  омодабошии ҷисмонии португалии 33-сола дар  садоқат ба касб ва риояи доимии чанд одат нуҳуфтааст.

Доктор Хуан Карлос Эрнандес дар суҳбат бо La Gazzetta dello Sport се нуқтаи муваффақияти Роналдуро кушодааст:

-машқу тамрини дурусту банизом;

-таомхӯрии друст;

— истироҳат дуруст.

Табиб Мика Клегга бошад, мегӯяд, ки Криштану бо ҳамаи ин қаноат намекунад.

Роналду ба «Ювентус», ки дар силсилаи А  ширкат меварзад, 10 июли соли  2018 гузашта, ба муҳлати  4 сол шартнома бастааст. Ӯ то имрӯз дар 3 бозии дастаи мазкур иштирок намуда, ягон гол назадааст, аммо  як партофти самарабахш иҷро кардааст.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *