Асрори зебоӣ: 5 қоидаи пардози тобистона

Рӯзи дароз дар зери офтоби сӯзон қарор доштан пўстро месўзонад, сурх мекунад ва ба сад мушкилоти дигар гирифтор месозад. Сабаб дар он аст, ки гармии аз ҳад зиёд тораҳои коллагенро вайрон месозанд. Нобуд шудани ин тораҳо боиси бармаҳал пир ва пажмурда гаштани пӯст мегардад. Барои он ки дар офтоб сӯхта, пеш аз муҳлат пиру пажмурда нашавед, ҳатман ба қоидаҳои тобистонаи нигоҳубини пӯст риоя намоед.

SPF аз офтоб ҳифз мекунад!

Пардози рўятонро бо шира (молочко) ё маҳлули дигар тоза мекарда бошед, дар фасли тобистон аз обу мағзоба (пенка) истифода баред.

Истифодаи малҳам дар тобистон ниҳоят муҳим аст. Аксарият андешаи ғалат доранд, ки дар тобистон пўст арақи зиёд мебарораду малҳам сўрохиҳояшро маҳкам мекунад. Дар асл чунин нест. Пўсти беравған арақи бештар ҷудо мекунад ва беобшавӣ боиси хушкшавии пўст мегардад. Хуб мебуд, ки малҳами тобистонаи шумо дар баробари нармкунанда буданаш аз офтоб низ муҳофизат намояд.

Интихоби мушкоб ва малҳам

Бонувоне, ки пўсти равғанин доранд, метавонанд дар тобистон аз истифодаи малҳамҳои ғизобахш худдорӣ намуда, мушкобҳои то 25% спиртдоштаро истифода баранд. Ин маънои онро надорад, ки бонувони пўсташон равғанин дар тобистон бояд аз истифодаи малҳам пурра худдорӣ намоянд. Танҳо аз малҳамҳои сабуки зудҷабидашавандае, ки дар рўй ҷилояшон намемонад, истифода баред. Чунин ҳам мешавад, ки пўсти рўй бо сабаби нодуруст интихоб намудани малҳам арақи зиёд мекунад, аз ин хотир, дар интихоби малҳам эҳтиёткор бошед. Барои ба хатоҳо роҳ надодан ин маслиҳатҳоро ба гўшатон ҳалқа намоед:

1. Малҳамҳои нармкунанда (увлажняющий) дар ҳама фасли сол сабаби арақкунии рўй мешаванд.

2. Ба ҳеҷ ваҷҳ малҳамҳои ғизобахши шабонаро рўзона истифода набаред, зеро ин малҳамҳо дар рўй ба пардачае мубаддал гашта, сўрохиҳои пўстро маҳкам месозанд ва сабаби арақкунии зиёди пўст мешаванд.

3. Дар тобистон беҳтараш малҳамҳои дар асоси об омодашударо молед.

4. Малҳамро бо ҳаракатҳои кафкўбанда, тунук молед, то ки сўрохиҳои пўст маҳкам нашаванд.

Чашмонатонро эҳтиёт намоед!

Дар фасли тобистон ҳамарўза малҳам барои пўсти атрофи чашмро истифода бурдан лозим аст. Малҳам бояд пўсти нозуки атрофи чашмро муҳофизат намуда, ботароват созад, зеро чинҳои аввалини мимикӣ маҳз дар ҳамин мавзеъ пайдо мешаванд, таъсири нурҳои  ултрабунафш бошад, ин ҷараёнро метезонад.

Рӯятонро бо чойкаҳак шӯед!

Дар рӯзҳои гарми тобистон хоҳ-нохоҳ одам арақшор мегардад. Тез-тез арақ кардан боиси сурх шудани пӯст баромадани наракҳои зиёд мегардад. Пӯсти шумо равғанин бошаду зиёд арақ мекарда бошед, рўятонро бо гиёҳоби чойкаҳак  (як қошуқ гиёҳро дар як истакон оби ҷўшомада дам партофта) шўед.

Шарбати тарбуз молед

Ҳамагон хуб медонанд, ки хӯрдани меваю сабзавоти тару тоза ба саломатии инсон фоида дорад, вале аз таъсири муъҷизавии меваҳо ба ҳусну ҷамоли зан кам касон огоҳӣ доранд. Хоҳед, ки бе усмаю сурма зебою дилкаш гардед, ба пӯстатон витамин диҳед. Аз дорухонаҳо витамин харидан шарт нест. Шумо витаминҳои табииро аз яхдон ва дастурхони худ гирифта метавонед. Шарбатҳои тару тозаи тарбузӣ, ангурӣ, помидорӣ пўстро аз доғҳо пок намуда, ҳусну тароват мебахшанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *