Асрори зебоӣ: Тавсияҳо барои афзоиш ёфтани мӯй
Барои он, ки мӯйҳоятон дароз шаванд, чанд қоидаро риоя намоед. Аввалан, мӯятонро зуд-зуд қайчӣ назанед. Дар тӯли 1 сол мӯй тақрибан 10-15 см дароз мешавад.
Танҳо се омил ба ҳолати мӯйҳо таъсир мерасонад: синну сол, ирсият, вазъи саломатӣ ва ҳолати пӯст. Барои афзоиши хубтари мӯйҳо кокулонро нигоҳубин бояд кард. Қабл аз ҳама шампун ва балзаму кондитсионерҳои ба мӯятон мувофиқро интихоб намоед. Аз мағозаҳо воситаҳои зиёди саршӯиро дастрас карда метавонед, вале мустақилона тайёр кардан ҳам мумкин аст.
Масалан, чунин ниқоби самарабахшро тайёр кунед: миқдори баробари зардии тухм, асал ва шарбати сабрро (алоэ) омехта кунеду ба кокулони тозаву таратон молида, бо сачоқ печонед ва тақрибан як соат нигоҳ дошта, баъдан обгардон кунед. Чунин ниқобро ҳафтае як бор тайёр кардан мумкин аст.
Боз як маслиҳат: дар 3 рӯз як маротиба ба решаи мӯятон маҳлули қаланфури сурх (настойка из красного перца)-ро молед.
Ғизои солимро фаромӯш насозед, бештар об нӯшида, витамину иловаҳои минералиро истеъмол намоед, то ки мӯятон дарозу ғафс ва пурҷило гардад.
Дар ҷараёни афзоиши мӯй нақши муҳимро маҳси сар мебозад. Маҳс гардиши хунро беҳтар намуда, решаҳои мӯйҳоро ғизо медиҳад. Рӯзе ақаллан як бор саратонро маҳс намоед. Ангуштонатонро ба даруни мӯйҳоятон дарореду 2-3 дақиқа саратонро маҳс кунед.
Мӯйи дароз мехоҳед?
Барои афзоиши мӯй ретсептҳои зиёди халқӣ мавҷуданд ва дар вақташ аз ин воситаҳои дастрас бибиву бибикалонҳоямон истифода бурда, кокулони худро ғафсу мустаҳкам месохтанд. Гиёҳҳои табииро аз қабили пӯстлохи булут, газна, бобуна, қоқу, дармана, сирпиёз, пиёз истифода бурда, метавон соҳиби мӯйҳои зебо ва пурҷило гашт.
Ниқоб аз пиёз
Ду дона пиёзро кӯфта, ба пӯсти сари худ тунук молида, даҳ дақиқа нигоҳ дореду обгардон кунед. Аз бӯйи баъдан боқӣ мемондаи пиёз натарсед, натиҷааш шуморо ба ҳайрат меорад.
Ниқоб аз мушхор
15-20 грамм решаи мушхор (лопух) ё 1 қошуқ барги мушхорро дар 250-300 мл оби ҷӯшомада тар карда, болои зарфе, ки дар он об меҷӯшад, гузоред ва оташро паст карда, дар бӯғи об 25 дақиқа нигоҳ доред. Гиёҳоби ҳосилшударо 1 соат қабл аз саршӯӣ ба пӯсти саратон молед. Ин ниқобро дар фасли зимистон молидан хуб аст, чунки дар айёми сармо ҷисм аз витаминҳо танқисӣ мекашад.
Мӯйро аз кӯдакӣ нигоҳубин намоед
Се қошуқ шарбати сабзиро бо 6 қатра шарбати лимӯ омехта карда, ба кӯдаконе ки мӯйҳояшон кам аст, хӯронед, афзоиши мӯяшон хуб мешавад.
Ниқоб аз тухму сабзавот
Як дона тухмро лат занед. Мӯятонро дар оби гарм тар карда, тухми латзадаро ба пӯсти саратон масҳкунон молед. Баъди 5 дақиқа бо оби ширгарм, ки дар он гиёҳҳои зерин: 1-қошуқчагӣ гули садбарг, пудина, барги мармарак (шалфей) омехта шудаанд, саратонро шӯед.
Гиёҳҳоро дар 350-400 мл оби ҷӯшомада дам партоеду 5 дақиқа нигоҳ доред. Ин гиёҳоб танҳо барои пӯсти сар муфид аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ