Ассамблеяи халқи Қазоқистон

28 апрели соли равон ҷаласаи навбатии ХХІХ Ассамблеяи халқи Қазоқистон баргузор мешавад. Дар ин иртибот барои хонандагони «Тоҷикистон» аз нақши боризи Ассамблеяи халқи Қазоқистон (АХҚ) дар таҳкими ваҳдати қазоқистониҳо ва татбиқи ғояҳои эҳёи маънавӣ ҳикоят мекунем.

Ассамблея иттиҳоди беназири ҷамъиятию сиёсист, ки ҳамчун сохтори билкул нави ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста аҳамият ва зарураташро собит месозад. Он то кунун дар ҷаҳон амсила надорад. Аз ин ваҷҳ дар ташаккули модели нодири ваҳдати умумиқазоқистонӣ ба Ассамблеяи халқи Қазоқистон муҳимтарин нақш вогузошта мешавад.

Вазифаи асосии АХҚ татбиқи сиёсати миллии давлат, таъмини суботи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва афзунсозии самари ҳамкории сохторҳои давлатию шаҳрвандӣ дар соҳаи муносиботи миёни халқу қавмҳо ба шумор меравад.

Ғояи бунёди Ассамблея аз умқи ҷомеаи қазоқистонӣ бармеояд. Созмондиҳии сохтори комилан наву беназир аз ассамблеяҳои хурд дар минтақаҳо шуруъ ёфт. Тасмими ташкили чунин мақом бори нахуст аз ҷониби Нахустпрезиденти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбосӣ Нурсултон Назарбоев соли 1992 дар Ҳамоиши халқи Қазоқистон бахшида ба солгарди Истиқлолият садо дода буд. 1 марти соли 1995 Фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ташкили Ассамблеяи халқи Қазоқистон чун сохтори машваратӣ дар назди Сарвари давлат ба тасвиб расид.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди заволи Иттиҳоди Шӯравӣ дар баъзе давлатҳои пасошӯравӣ дар заминаи миллию қавмӣ  задухурдҳои мусаллаҳ аланга гирифтанд, ки боиси марги даҳҳо ҳазор ва ломакон шудани садҳо ҳазор одам шуданд. Хушбахтона, Қазоқистон ба шарофати пиёдасозии сиёсати сулҳу салоҳ миёни миллатҳою қавмҳо аз чунин даргириҳои фоҷиабор эмин монд. Дар ин бурд саҳми марказҳои миллии фарҳангӣ шоиста аст. Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Қазоқистон зарурати бунёди сохтори нави ҷамъиятӣ – Ассамблеяи ризоият ва ваҳдати халқҳои Қазоқистон – мақоми машваратӣ дар назди президенти кишвар ба миён омад.  Таърихи Ассамблея бо таърихи ташаккули Қазоқистони мустақил иртиботи зич дорад.

Алъон Ассамблея ба фароҳамории шароити зарурӣ баҳри таҳкими минбаъдаи ризоияти байниқавмӣ, таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа ва ваҳдати халқ мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, АХҚ бо мақомоти давлатӣ дар муқовимат ба зуҳуроти экстремизм ва тундгароӣ дар ҷомеа, ташаккули маърифати сиёсию ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси меъёрҳои демократӣ ҳамкорӣ дорад. Ассамблея ҳамгироии ҷидду ҷаҳди иттиҳодияҳои этникию фарҳангӣ, ҳифз ва рушди фарҳангҳои миллӣ, забонҳо ва расму оинҳои халқҳои Қазоқистонро таъмин месозад.

Масоили ризоияти миллӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва ҷомеа қарор доранд. Ҳамин аст, ки Қазоқистон яке аз низомҳои мутавозитарин ва муассиртарини таъмини сулҳу суботро руйи кор овард. Ислоҳоти конститутсионии соли 2007 Ассамблеяро ба ҳайси муассисаи дорои мақоми конститутсионӣ муқаррар намуд.

Моҳи октябри соли 2008 Қонун «Дар бораи Ассамблеяи халқи Қазоқистон» қабул карда шуд, ки танзими меъёрию ҳуқуқии фаъолияти он, ягонагии вертикали институтсионалиро дар марказу минтақаҳо таъмин сохт.

Аз ибтидои мавҷудияташ АХҚ зери боли худ инфрасохтори ҷиддии ҷамъиятиро ташаккул дод ва муттаҳид намуд. Дар Ассамблея, аз ҷумла, маҳфилҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии рӯзноманигорон амал мекунанд. Ба онҳо намояндагони ВАО-и ҷумҳуриявӣ, блогдорон ва коршиносони масоили муносибати байниқавмӣ шомиланд. Аз соли 2017 веб-портали таҷдидшудаи Ассамблея – assembly.kz. ба фаъолият пардохт.

Моҳи марти соли 2018 дар АХҚ Ҳаракати ҷумҳуриявии ҷавонон «Жаңғыру жолы» (Роҳи эҳё) таъсис дода шуд.

Дар мамлакат барои рушди фарҳанг, забон ва анъаноти миллату қавмҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар марҳилаи муосир Ассамблеяи халқи Қазоқистон диққати асосиро ба ҷалби қавмҳо ба раванди навсозӣ, ҳалли масоили умумидавлатӣ нигарондааст.

Консепсияи такмилдодаи рушди АХҚ (то соли 2025) пазируфта шуд, ки дар он масоили таҷдиди тафаккури ҷомеа ва сиёсати иҷтимоӣ таҷассум ёфтаанд. Дар маҷмуъ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ассамблея роҳи тӯлонии эволютсиониро тай намуда, аз ташкилоти машваратӣ то ба муассисаи мақоми конститутсионидошта камол ёфт.

Дар марҳилаҳои гардишии таърихи навтарини Қазоқистон Ассамблея ҳамеша нақши суботбахш ва муттаҳидсозро бозидааст.

Ассамблеяи халқи Қазоқистон ба яке аз муҳаррикҳои раванди навсозии шуури ҷомеа ва ба ин кор ҷалбсозии тамоми қавмҳои қазоқистонӣ табдил меёбад.

Зимни ин, татбиқи лоиҳаҳое ба мисли «Қазақтану» (Қазоқшиносӣ), «Мәміле» (Ризоият), «Мың бала» (Ҳазор кӯдак) ба таъмини ҳамоҳангии минбаъдаи муҳити фарҳангию забонӣ дар кишвар, ягонагии арзишҳо, ҳадафу масъалаҳои умумӣ нигаронда шудаанд.

Дар 26 соли фаъолияти пурсамар АХҚ роҳи тӯлонии рушдро паси сар намуда, иқтидори калони муттаҳидсоз ва интеллектуалӣ андухт ва ба институти дипломатияи халқӣ бадал шуд.

Аз бисёр ҷиҳат маҳз ба шарофати фаъолияти Ассамблея дар кишвар модели нодири ризоияти байниқавмӣ ва байнимазҳабӣ, муҳити хосаи эътимод, ҳамдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ фароҳам омад. Чун натиҷа, ҳар шаҳрванд, сарфи назар аз мансубияти қавмӣ ё динӣ аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи Конститутсия ба андозаи пурра  баҳравар аст. Навсозии шуури таърихӣ чун асоси муттаҳидсоз барои ҳама қавмҳо, асоси ҷаҳонбинӣ гузошта, ҳозира ва ояндаи халқи Қазоқистон қисмати муҳими раванди ҳамгироии маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Ассамблеяи халқи Қазоқистон ҳамоно яке аз муҳимтарин механизмҳои ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ дар асри XXI ва таҷдиди он дар ҳар насли нави шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мемонад.

Ин дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз шартҳои муҳими ҳифзи истиқлолият, омили умдаи амнияти миллӣ ба шумор меравад. Ҳамиин тавр, вазифаи имрӯзу фардо – тақвияти нақши Ассамблея дар таъмини сулҳу салоҳ дар ҷомеа, равандҳои навсозии ҳамаҷониба, ҳамчунин, ширкати фаъол дар навсозии маънавии ҷомеаи қазоқистонӣ мебошад.

Ассамблеяи халқи Қазоқистон, ки бо ташаббуси Элбосӣ Нурсултон Назарбоев арзи ҳастӣ намудааст, институти нодири муттаҳидсозӣ ва ҳамгироӣ буд, ҳаст ва мемонад. Он аз ибтидо ба матои зиндаи ҳаёти ҷомеа танида шуд ва дар он мақоми умда гирифт. Ва тасодуфӣ нест таъкиди Нурсултон Назарбоев, ки Ассамблея дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳофизи воқеии сулҳу ризоият гардид.

Ассамблеяи халқи Қазоқистон – ин натиҷаи навоварии беназири сиёсии кишвар аст. Имрӯз таҷрибаи кори он барои бисёр давлатҳо ҷолибу судманд мешавад. Эътимод, анъанаҳо, шаффофият, таҳаммулгароӣ – ин ҳамон принсипҳое мебошанд, ки асоси давлати сермиллати шукуфои Қазоқистонро ташкил додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *