Атамбоев хоҳиши Путинро рад кард

Алмосбек Отамбоев, ки давоми чанд соли охир барои ҷоҳталабиҳои сиёсиаш интиқод мешуд, рӯзи 1 декабр гуфт, ки намехоҳад барои мӯҳлати дуюми президентӣ мубориза барад. Вай гуфт, ки президентони Русия ва Қазоқистон –Владимир Путин ва Нурсултон Назарбоев аз ӯ хоста буданд, ки номзадиашро барои мӯҳлати навбатии президентӣ пешбарӣ кунад, вале ӯ посухи рад додааст.

«Андешаҳое буд, ки пеш аз мӯҳлат аз вазифа равам, хеле хаста шудам. Ба ҳар ҳол, бубинем, чӣ мешавад. Путин ва Назарбоев аз ман хоста буданд, ки аз вазифа наравам. Вале ман ба онҳо гуфтам, ки мардуми мо дигар аст. Мутмаин ҳастам, ки мо бояд мисли мардуми Аврупо бошем. Он ҷо мардум президенташонро намешиносанд, онҳо фақат кор мекунанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *